Президент Украины Владимир Зеленский во время брифинга в Киеве

Зеленский гуфт, киро ба курсии сарвазирӣ сазовор медонад

408
Президенти Украина Владимир Зеленский, гуфт киро ба симмати сарвазири ояндаи Украина сазовор медонад

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Владимир Зеленский дар нишасти матбуотӣ дар бораи нахуствазири ояндаи Украина гуфт. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба шабакаи "112" -и Украина хабар медиҳад.

Владимир Зеленский қайд кард, ки сарвазир бояд иқтисоқддон бошад на сиёсатмадор. Ин гуфтаи худро Зеленский тақвият бахшида афзуд, нафаре ки ин симматро ба даст меорад бояд комилан мустақил бошад.

"Ин ба бархе аз вакилоне, ки ҳамакнун ба парлумон мераванд, писанд намеояд чун онҳо худро дар ин вазифа мебинанд...", - гуфт Зеленский.

Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Зеленский номҳои номзадҳо ба симмати сарвазириро ифшо накард, вале қайд намуд, ки дар ин росто бо "баъзе аз нафарон" гуфтушунид дорад.

Зеленский: бо як занг ба Маскав "тоҷам аз сарам намеафтад"

Владимир Зеленский пас аз баргузории интихоботи ғайринавбатии парлумон дар Украина, нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз 21 июл дар Украина интихоботии ғайринавбатии парлумонӣ баргузор мешавад.

Аврупо аз Владимир Зеленский талаб кардааст, ки қарзҳои калони Украинаро баргардонад

Ногуфта намонад, ки президенти Украина Владимир Зеленский парлумони кишварро рӯзи 20 май пас аз маросими савгандёдкунӣ муҳлат кард.

408
Барчаспҳо:
мақом, таъин, курсӣ, сарвазир, Украина