Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Нахустин сӯҳбати телефонии Бердимуҳамедов пас аз "даргузашташ"

1515
(Таҷдидшуда 14:21 24.07.2019)
Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов имрӯз дар сӯҳбати телефонӣ, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати солрӯзаш шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар хабари дафтари матбуоти раҳбари давлати Узбакистон, раисҷумҳури Туркманистон,  Шавкат Мирзиёев  президенти Узбакистонро ба муносибати 62- солагии зодрӯзаш муборакбодӣ намуд.

"Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов сидқан роҳбари давлати моро табрик намуда ба мардуми Узбакистон шукуфоӣ ва сулҳу суботро орзу намуд",- омадааст дар хабарнома.

Зимнан  роҳбарони ду давлат рушди муносибатҳои дуҷонибаи Туркманистону Узбакистонро баррасӣ намуда, оид ба масоили муҳими сиёсати байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Зодрӯз муборак: табрикоти Эмомалӣ Раҳмон

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин тамоси телефонии Бердимуҳамедов пас аз хабари "даргузашташ" мебошад.

Рӯзи якшанбе дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои Telegram хабар дар бораи вафоти президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов паҳн шуд. Гуфта шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон дар паи бемории гурда вафот кардааст.

Рэпи нави президенти Туркманистон: матни худашу оҳанги наберааш - видео

Сипас Сафорати Туркманистон дар Русия хабари даргузашти Бердимуҳамедовро бардуруғу бепоя хонд.

1515
Барчаспҳо:
табрик, Шавкат Мирзиёев, зодрӯз, Туркманистон, Президент