Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер

Дабири кулли САҲА аз Тоҷикистон сипосгузорӣ кард

64
Ахиран дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Тавре дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи тоҷикистон хабар додааст Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер зимни дидору гуфтугӯ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода аз дар ғанӣ гардонидан ва пеш бурдани рӯзномаи пурмуҳтавои Форум изҳорӣ минатдори кардааст.

Тавре манбаъ дар иттилоъи интишорнамудааш зикр кардааст, дабири кулли САҲА ҳайати Тоҷикистонро барои бомуваффақият ба анҷом расонидани раёсати кишвар дар Форуми ҳамкории амниятӣ (FSC) табрик намуда, саҳми Тоҷикистонро дар ғанӣ гардонидан ва пеш бурдани рӯзномаи пурмуҳтавои Форум сутуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Роҳбари навтаъйини САҲА дар Душанбе ба кор оғоз кард

Др ҳамин ҳол, муовини вазир аз ҷонибдории Котиботи САҲА аз Тоҷикистон зимни раёсаташ дар FSC миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки иқдомҳои ҷониби кишвар зимни раёсати кишвар барои эҷоди фазои эътимод ва таҳкими сулҳу амният дар паҳнои САҲА саҳми арзанда гузорад.

Раҳмон: САҲА бояд барои таъмини амният қарорҳои муҳим қабул кунад

Инчунин, дар  ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳошияи се ченаки Созмон, фаъолияти лоиҳавии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, баргузории даври навбатии ҷаласаи Платформаи шарокат ва дигар масоили мавриди эҳтимоми маштарак мубодилаи афкор намуданд.

64
Барчаспҳо:
Аврупо, ҳамкорӣ, изҳори сипос, САҲА, Тоҷикистон