Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезиденты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков
Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта шудааст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани иғвоангезиҳо мақомоти давлатӣ, фаъолон, аҳли зиё ва масъулони ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб ҳамкории густурда дошта бошанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бештар ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрӣ намуда, бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд суҳбати озоду ошкоро доир карданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони ду давлати ҳамсоя-Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбековро дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сокинони деҳоти Ворух ва Оқсой гарму самимӣ истиқбол гирифтаанд.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем

Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни суҳбат бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули афкори судманд ибрози назар намуданд.

Раҳмон ба Қирғизистон рафта аз Иссиқ-кӯл боздид мекунад

Таъкид гардидааст, ки солиёни зиёд ин ду миллат дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, дар беҳбудии зиндагии ҳамдигарӣ нақши назаррас доранд ва бояд минбаъд низ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ дар деҳоти наздимарзӣ кору зиндагӣ намоянд.

Бино ба гузориши манбаъ, сарони давлатҳо дар ҳузури аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканд, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадии ду ҷонибро намуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки асосан дар марз зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал оварданд, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша муносибати дӯстонаро ҳифз намоянд.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар марз

Гуфта шудааст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани иғвоангезиҳо мақомоти давлатӣ, фаъолон, аҳли зиё ва масъулони ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб ҳамкории густурда дошта бошанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бештар ба роҳ монанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух: нахустин иқдомоти раисиҷумҳур дар марз

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков таъкид кардаанд, ки масъалаҳои барасмиятдарории ҳуқуқии хати сарҳади давлатӣ дар муносибатҳои байнидавлатиамон муҳимтарин ба шумор мераванд ва мо майли қатъии худро дар самти идома додани корҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ тасдиқ намудаем.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар марз

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунин доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат фаъолону собиқадорони деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон барои мусоидат ба ҳали масъалаҳо ва робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Лентаи хабарҳо
0