Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Раҳмон барои мансабдорон санҷишу баҳогузорӣ таъин кард: киҳо озоданд?

4732
(Таҷдидшуда 14:38 08.08.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки ҳар моҳи декабр натиҷаи кори ҳар мансабдори давлатӣ баҳогузорӣ шаваду дар мавриди таъиноти минбаъдааш тасмимгирӣ сурат бигирад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармони нав тартиби баҳогузории фаъолияти хизматчиёни давлатиро дар кишвар тасдиқ карда, роҳбарони ниҳодҳои давлатиро барои анҷом додани ин санҷиш муваззаф намудааст.

Бар асоси тартиби тасдиқкардаи раисиҷумҳур, ходимони давлатии сиёсӣ, мансабдорони категорияи олӣ, хизматчиёни давлатии собиқаи корияшон камтар аз шаш моҳ ва хизматчиёне, ки синнашон ба ҳадди ниҳоии хизмати давлатӣ расидааст, аз санҷишу баҳогузории фаъолият озод мебошанд.

Бо дастури раисиҷумҳур натиҷаҳои фаъолияти яксолаи ҳар хизматчии давлатӣ тариқи мусоҳиба анҷом дода мешавад.

Ҳадаф аз ин иқдом таъмини иҷрои пурсамари вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, ҳавасмандсозии ходимоне, ки фаъолияту натиҷаҳои хуб доштаанду чораандешӣ алайҳи онҳое, ки нишондодҳои манфӣ гирифтаанд.

Мансабдорони дорои натиҷаҳои манфӣ метавонанд ба омӯзишҳои такмили касбӣ ва малакаи хизматчии давлатӣ фаро гирифта шаванд.

Бар асоси тартиби қабулшуда шаффофияти фаъолияти хизматчии давлатӣ баҳогузорӣ шуда, вобаста ба малака, маҳорат ва донишу ихтисос барои корманд пешрафти корӣ фароҳам мешавад.

Масъули баҳогузории фаъолияти хизматчиёни давлатӣ роҳбарони бевоситаи ниҳодашон таъин шудаанд.

4732
Интихобот, акс аз бойгонӣ

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

1829
(Таҷдидшуда 20:29 15.07.2020)
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи интихоботи миёнадавриро 13 сентябри соли равон таъйин кард

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Душанбе, 13 сентябри соли равон ба ҷои ду вакили шаҳрӣ, ки ваколаташон пеш аз муҳлат қатъ гардид, вакилони нав интихоб мешаванд.

Манбаъ афзуд, ки ваколати Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии №23 бинобар бар сабаби таъйинаш ба мақоми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пеш аз муҳлат қатъ шуд.

Абдуллозода, собиқ роҳбари беморхонаи “Истиқлол”, ки чанде қабл бо фармони раисиҷумҳур вазири тандурустӣ таъйин гардид.

Инчунин ваколатҳои Зуҳурова Заррина Ҳабибуллоевна, вакил аз ҳавзаи интихоботии №42 низ бинобар таъйинаш ба мақоми сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.

Шаҳрдории Душанбе афзуд, ки санаи 13  сентябри соли 2020 ба ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 интихоботи вакилон таъйин гардида, Комиссияи шаҳрии интихобот дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шуд.

1829
Барчаспҳо:
интихобот, Тоҷикистон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

1715
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

1715
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид

0
Дар Тоҷикистон имрӯз низ заминларза рух дод. Ин дафъа ларзиши замин дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд. Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ маълумоте ироа намешавад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Заминҷунбӣ имрӯз, соати 13:45 бо вақти маҳаллӣ дар вилояти Суғд, дар деҳоти Қаро-Кенҷа ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маркази заминларзашиносии California Earthquake Authority хабар медиҳад.

Ин аллакай дувумин ҳодисаи заминҷунбӣ дар ин минтақа тайи моҳи равон аст. Маркази заминларза 19 километр дуртар аз минтақаи аҳолинишин ҷойгир шудааст. Қувваи он 4,3 баллро ташкил додааст.

Ҳамчунин имрӯз аз чунин ҳодисаи табиӣ дар Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Олмон ва Амрико ба қайд гирифта шудааст.

Расонаҳои Ӯзбекистон низ хабар доданд, ки сокинони кишвар имрӯз заминларзаро ҳис карданд.

0