Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Агентии миллии иттилоотии Малайзия “Bernama”

Талоши Қодирӣ барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия

114
(Таҷдидшуда 13:45 11.08.2019)
Ҳамкориҳои байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистону Малайзия тақвият хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Малайзия мулоқоти сафири Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо роҳбари Агентии миллии иттилоотии Малайзия “Bernama” хонум Нурини Кассим баргузор гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва барқарор намудани ҳамкориҳои байни ду Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистону Малайзия табодули афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, ки Ардашер Қодирӣ моҳи апрели соли равон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба симмати сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Малайзия баргузида шуд.

Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд

Қаблан сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия, Музаффар Муҳаммадӣ буд, ки ахиран  аз ҷониби Эмомали Раҳмон роҳбари давлат бинобар ба вазифаи дигар гузаштан аз мақоми сафир дар ин кишвар озод гардид.

114
Барчаспҳо:
муносибот, ҳамкорӣ, Малайзия, Тоҷикистон
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

484
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

484
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

6639
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

6639
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Рустам Латифзода, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

0
(Таҷдидшуда 12:23 15.08.2020)
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, муовини раиси ин ҳизб ва намояндаи Маҷлиси номзадии Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро пешниҳод кард ва он бо як овоз дастгирӣ пайдо кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Латифзода Рустам Барот, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Гуфта шудааст, ки ӯ 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеъ вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст.

Дорои мълумоти олист. Рустам Латифзода дар солҳои 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва дар соли 1990 Донишкадаи кӯҳшиносии шаҳри Ленинград (имрӯз Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст.

Ихтисосаш муҳандис -гидротехник, муҳандис эколог

Ӯ ҳамчунин узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон  мебошад.

Рустам Латифзода оиладор соҳиби чаҳор фарзанд мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҳамсараш номзад ба президентии Тоҷикистон Раҳмонова Дилором, соҳибкор мебошад.

Фарзандони Рустам Латифзода дар ширкатҳои тиҷорати ва мақомҳои давлатӣ кишвар кору фаъолият мекунанд.

Аз ҷумла, писари калонии ӯ Латипов Ҷовид, корманди ширкати IRS, фарзанди дигари ӯ Латифзода Нарӯз дар вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳайси консули Тоҷикистон дар Амрико фаъолият мекунад.

Фарзанди дигари ӯ Зебунисои Рустам корманди бонки тиҷоратии “Арванд” мебошад ва фарзанди хурдӣ Латипова Меҳринисо донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки фаъолияти кориро Рустам Латифзода соли аз 1984 то 1989 ба ҳайси муҳандис, муҳандиси калони Колонаи механиконидашудаи сайёри 31, муассисаи сохтмони махсуси “Тоҷикводстрой” оғоз кардааст.

Сипас соли аз соли 1989 то 1993 сармутахассис, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз солҳои 1993 то 2001 мутахассис, сармутахассиси шуъбаҳои Коплекси агросаноатӣ шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор  кардааст.

Пас аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2004 - 2006 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2007 ба ҳайси Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои обӣ Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон фаъолият дошт.  

Аз соли 2007 то 2008 сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2010 ба ҳайси сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиолратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чаҳорум интихоб гардид.

Ҳамчунин Рустам Латифзода аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон кор кардааст.

Дар соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шуд.

0
Барчаспҳо:
анҷуман, пешниҳод, ҳизб, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон