Путин ва Раҳмон метавонанд дар размоиши бузурги низомӣ "Марказ-2019" иштирок намоянд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қувваҳои мусаллаҳи чанд кишвари ИДМ дар размоишгоҳҳои Русия тамринот хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тамриноти муштараки "Марказ - 2019" аз 16 то 21 сентябри соли ҷорӣ дар размоишгоҳи Русия бо ширкати сарбозону афсарон аз ҳафт кишвари дунё баргузор мешавад.

Сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар назар аст, кишвардори Русия Владимир Путин ҳамроҳи яке аз сарони кишварҳои ИДМ аз тамринот боздид кунад. Эҳтимол ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана  Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди танки Тоҷикистон бо рақиб ва барканории тим - видео

"Истисно нест", - гуфт Песков дар ҷавоб ба суол дар бораи ширкати Раҳмон дар тамринот.

Бар хабари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, машқҳои низомии муштарак таҳти унвони "Марказ - 2019" бо ҳузури 130 ҳазор сарбозу афсар доир мешавад.

Размоиши муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

Тибқи иттилои манбаъ, дар размоиши низомии Русия воҳидҳои низомии Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард.

Дар назар аст, машқҳои низомӣ дар размоишгоҳҳои  Донгуз, Тотский ва Арданаки Русия анҷом шуда, дар он беш аз 20 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ ва 600 адад ҳавопаймои ҷангӣ истифода мегардад.

Нахустин размоиши муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар моҳи сентябр баргузор мегардад

Зимнан, бояд зикр анумд, ки дар чунин размоиши низомӣ дар соли 2015,  ҳудуди 95 ҳазор низомӣ, 7 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ, 170 ҳавопаймо ва 20 киштии ҷангӣ ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0