Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири нави Украина - генерал Серватюк

© акс аз сомонаи ВКХ ТоҷикистонСироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Василий Серватюк, сафири Украина дар Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Василий Серватюк, сафири Украина дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Василий Серватюк, сафири Украина дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Василий Серватюк 27-уми август сурат гирифт.

Встреча Временного поверенного с Министром транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Сафир аз вазир хост, ки парвозҳо миёни Тоҷикистону Украина барқарор шаванд

“Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои  Тоҷикистон бо Украина гуфтугӯ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, вазири умури хориҷӣ ба сафири нави Украина дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

Генерал Василий Серватюкро раисиҷумҳури қаблии Украина, Пётр Порошенко дар рӯзҳои охири корияш дар мақоми роҳбари давлат ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон таъин карда буд.

Международная выставка посвященная дню городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пётр Порошенко сафирашро дар Тоҷикистон аз вазифа озод кард

Василий Серватюк, ки унвони ҳарбии генерал-лейтенант дорад, то замони таъинаш ба мансаби сафирӣ, ба ҳайси муовини сардори Хадамоти марзбонии Украина фаъолият мекард.

Ӯ дар мақоми сафир дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро иваз кард, ки ба вазифаи сафири Украина дар Душанбе соли 2012 дар даврони ҳукмронии Виктор Янукович, собиқ раисҷумҳури Украина таъйин шуда буд.

Пётр Порошенко рӯзи 18 октябри соли 2018 бо фармони худ Виктор Никитюкро аз мақоми сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод карда буд.

Лентаи хабарҳо
0