Номаи Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

1051
(Таҷдидшуда 11:48 07.09.2019)
Президенти Русия Владимир Путин ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрик кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович. Табрикоти самимонатарини ин ҷонибро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фароед.

Давлати Шумо дар шоҳроҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият қадам зада, дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим ва созанда дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистонро зикр менамоям. Миёни давлатҳои мо муколамаи пурмӯҳтавои сиёсӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷонибҳо дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ, ҳамчунин СММ ва САҲА самараи хуб медиҳанд.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Русия ва Тоҷикистонро минбаъд низ таҳким хоҳем бахшид.  Ин амр, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо ва раванди таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому комёбиҳо ва ба ҳамватанони Шумо саодату хайрият орзумандам".

1051
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (220)