Бозгашти Кирилл Вишинский ба Маскав - видео

159
(Таҷдидшуда 16:38 07.09.2019)
Русия ва Украина охири тобистон масъалаи табодули зиндониёнро ҳал карданд

Душанбе 7 сен - Sputnik. Ҳавопаймое, ки дар дохили он тибқи созишномаи Маскав ва Киев зиндониён буданд, дар пойтахти Русия фурӯд омад.

Сармуҳаррири Ожонсии "Россия сегодня" RT Маргарита Симонян акси фуруд омадани ҳавопайморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

"Расиданд!", - навиштааст ӯ дар шабакаи телеграм.

Татяна Москалкова масъул оид ба ҳуқуқи инсон қайд кард, ки ҳодисаи таърихии табодули зиндониён миёни Русия ва Украина воқеъӣ шуд, менависад РИА Новости.

Омбудсмен афзуда, ки ин воқеъа дар таърихи муносиботи гуманитарӣ ва ҳуқуқии Русия ва Украина саҳифаи наверо боз мекунад. Дар баробари ин ба гуфти ӯ табодули маҳбусон то ҳол хотима наёфтааст, чун баррасии парвандаҳои бархе аз зиндониён ҳоло идома дорад.

Дар интернет навори ҳодисаи мазкур нашр шудааст.

Субҳи рӯзи шанбе ҳавопаймо дар фурудгоҳи "Бориспол" фуруд омада раҳбари РИА Новости Украина Кирилл Вишинский ва ҳамчунин дигар зиндониёнро ки бар асоси созишомаи дуҷониба озод шудаанд, ба Маскав овард.

Бино ба иттилои манбаъ аз Украина ба Маскав 33 зиндонӣ бозгаштанд.

159