Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин ордени давлатии Зарринтоҷ дараҷаи 1 дод

Си Ҷинпин ба Раҳмон ва мардуми тоҷик чӣ таманниёт кард

62
(Таҷдидшуда 20:46 07.09.2019)
Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба унвонии Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардаст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik.  Дар ин нома Си Ҷинпин Эмомали Раҳмонро ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Президенти Чин дар барқияаш гуфтааст:

"Муҳтарам раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам  табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба Шумо ва ба мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 28-мин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям".

Зимнан Си Ҷинпин бо ёдоварӣ аз сафари Раҳмон ба Чин ёдовар шуда, гуфт моҳии апрели соли ҷорӣ Шумо дар Чин дар Дуввумин форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар чорчӯбаи "Як камарбанд ва як роҳ" ширкат варзидед. Мову Шумо музокироти самарбахшеро доир намуда, ба мувофиқаҳои васеъмиқёс расидем ва нақшаи нави густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф таҳия намудем.

Ситоиши Ҷинпин аз инсондӯстӣ ва хайрхоҳии Раҳмон ва мардуми тоҷи

Ман ба рушди муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳам ва ният дорам дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати бемайлон  бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бар нафъи кишварҳо ва мардумони мо саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодату некӯаҳволӣ орзумандам. изҳор доштаст Си Ҷинпин дар фарҷоми таманниёташ.

62
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, шодбошӣ, нома, Си Ҷинпин
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (221)