Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Паёми роҳбарони Эрону Туркманиcтон ба Эмомалӣ Раҳмон

87
(Таҷдидшуда 12:13 08.09.2019)
Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар паёмаш ба ҳамтои тоҷикистонӣ, Эмомалӣ Раҳмон 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ба роҳбари давлат ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Руҳонӣ дар паём ба Раҳмон изҳор доштааст, ки хушбахтона тайи бисту ҳафт соли гузашта муносиботи бародаронаи байни ду кишвар дар чорчӯби манфиатҳои муштарак ва пайвандҳои деринаи тамаддуниву фарҳангӣ, раванди рӯ ба рушдеро шоҳид буд.

“Умедворам муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҷиҳати таъмини субот ва амнияти минтақа тавсеаву таҳким ёбад. Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва некӯаҳволӣ ва беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам”, - изҳор доштааст Руҳонӣ. .

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон дар паём ба Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтаст.

“Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муносибатҳои неки дӯстии бисёрсола дар асоси усули баробарӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои мо, ки то имрӯз ба даст омадааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимод барои рушди муколамаи байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии созанда ба нафъи мардумони ду кишвар хизмат хоҳад кард”, - таъкид намудааст Бердимуҳаммедов.

Паёми роҳбарони давлатҳои хориҷӣ унвонии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки тоҷикистониён 9 сентябр 28- умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунанд.

87
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)