Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон: он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба давлати нерӯманду пешрафта табдил меёбад

325
(Таҷдидшуда 13:35 09.09.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бовари дорад, ки “Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими  ифтитоҳи чархаи дуюми НБО “Роғун” гуфт, ки он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад.

Ба гуфтаи вай, ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву   имкониятҳоро сафарбар хоҳад кард.   

Баландии сарбанд ва ҳаҷми об дар обанбори "Роғун"-ро ба раисиҷумҳур гуфтанд

“Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай таъкид кард, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созанда амалӣ хоҳанд шуд.

Раҳмон ба 42 сохтмончиёни НБО Роғун мукофотҳои давлатӣ дод

“НБО “Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст”, - таъкид дош раисҷумҳури кишвар.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар рӯзи таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ чархаи дуюми нерӯгоҳи “Роғун”-ро фаъол кард.

Маълум шуд, "Роғун" то имрӯз чӣ қадар нерӯи барқ тавлид кардааст

Ӯ зикр намуд, чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур аз он рӯз вақти зиёде нагузаштааст, вале то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловат соат неруи барқ истеҳсол гардид. Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки корҳои бузург ҳанӯз дар пешанд ва аз масъулин даъват намуд, ки пулҳои ҷудошударо самаранок истифода баранду сохтмонро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

325
Барчаспҳо:
суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, НБО "Роғун", Роғун, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

483
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

483
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

6638
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

6638
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

0
(Таҷдидшуда 12:36 15.08.2020)
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд, гузориш медиҳад аз ҳодисаи нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон. Он мехостанд савори заврақи худсохте дарёи Искандарро убур кунанд.

Гуфта мешавад,  ҳодиса 14 август, тахминан соати 09:50 рух додааст.

"4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд", - тавзеҳ медиҳад КҲФ.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  заврақи худсохт аз беэҳтиётӣ чаппа шуда, чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқимонда аз 33 то 2-сола буданд, ба коми дарё рафтанд.

Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва  Дастаи махсуси зудамали  наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд.

30 нафар даст ба даст гирифта зани ғарқшударо аз об берун оварданд - навор

0