Ҳукумати Узбакистон санаи ифтитоҳи сафорати нав дар Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономическая выставка-ярмарка СУГД-2019
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Узбакистон мегӯяд, бинои нави сафораташ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Узбакистон соли 2022 сохтусози бунгоҳи сафорати худ дар Тоҷикистонро ба поён хоҳад расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон ба Афғонистон дар даҳ соли оянда барқ мефӯрушад

Бино ба гузориши сомонаи Podrobno.uz бо истинод ба тасмими ҳукумати Узбакистон, ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе 1,2 гектар заминро барои бунёди сафорати нави Узбакистон ихтисос додааст.

Дар бунгоҳ сафорат, бинои ҷудогона барои қабули шаҳрвандон дар масъалаҳои консулӣ ва қароргоҳи сафир ҷой хоҳад дошт.

Ҳамчунин, бинои варзишӣ, таваффуқгоҳ ва биноҳои дигар сохта мешаванд. Сафорати нави Узбакистон рӯзи 1 октябри соли 2022 баҳрабардорӣ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Узбакистон аз ҷудо шудани замин дар маҳаллаи Себзори Тошканд барои бунёди сафорати Тоҷикистон хабар дода буд.

Маросими арӯсӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон чигуна мегузарад?

Тибқи иттилои расонаҳои Узбакистон, Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, мақомдори шаҳри Тошканд изҳор дошта буд, ки дар ин макон бинои сафорати Тоҷикистон, Чин ва Ҳинд бунёд хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0