Эмомали Рахмон пообщася с Антониу Гутерриш, архивное фото

Расулзода бо Гуттериш ташаббуси Раҳмонро баррасӣ кард

155
(Таҷдидшуда 10:08 28.09.2019)
Ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар Ню Йорк баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Рӯзи 26 сентябр  дар ҳошияи Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.

Тавре АМИТ "Ховар" бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии  мамлакат, инчунин мусоидати Созмони мазкурро  дар ин равандҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Ҷонибҳо ҳамзамон  вобаста ба татбиқи амалии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  мубодилаи афкор  намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО дар Ню-Йорк
сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Қоҳир Расулзода ба шаҳри Ню-Йорки Амрико рафт

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳамчунин дар Ню-Йорк, зимни ҷаласаи “Фарогирии умумии тандурустӣ” суханронӣ кард.

Гузориши Расулзода аз вазъи тандурустии тоҷикистониён дар Ню-Йорк

Ӯ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ барои фарогирии васеи аҳолии мамлакат ба хизматрасониҳои тиббии баландсифат ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо дар бахши ҳифзи иқлим ва муҳити зист тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

155