Эмомалӣ Раҳмон дар парлумон, акс аз бойгонӣ

Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои 2 вакил: раисиҷумҳур мансабҳои нав дод

2902
(Таҷдидшуда 19:24 03.10.2019)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон ваколатҳои 2 вакили мардумиро пеш аз муҳлат қатъ карда, ду курсиро дар парлумон холӣ гузошт

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Палатаи поёнии парлумон ваколатҳои Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахонро пеш аз муҳлат қатъ ва аз мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бозхонд намуд.

Инчунин ваколатҳои Саидзода Ҷамшед Ҳамро қатъ карда шуда, ӯ аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони дар умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот хориҷ карда шуд.

Парлумон далели қатъи ваколатҳои Саидзода ва Қурбонзодаро таъинашон ба мақомҳои ҷадид аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба вакилон гуфт, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба вазифаи басо масъул иҷрокунандаи вазифа раиси шаҳри Норак таъин шуда,  Саидзода Ҷамшед Ҳамро мақоми раиси ноҳияи Ёвонро гирифтааст.

Маҷлиси намояндагон қарор кард, ки Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва Саидзода Ҷамшед Ҳамро барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ, хидмати арзишманд дар фаъолияти қонунгузорӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон сарфароз гардонда шаванд.

Инчунин бо пешниҳоди раисиҷумҳур Ҷамшед Ҷамшедзода, аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бозхонд гардид. Ҷамшедзода ба мақоми додраси Додгоҳи конститутсионӣ таъин шуда буд.

2902
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, парлумон, фармон, Тоҷикистон