Шукурджон Зухуров. Архивное фото

Зуҳуров се соли роҳбарии Шавкат Мирзиёевро давраи ислоҳот ва тағйироти бесобиқа номид

331
(Таҷдидшуда 11:14 08.10.2019)
Ҳайати парлумони Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Узбакистон қарор доранд, бо раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дироду мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7 октябр бо ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, ки бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Нуридинҷон Исмоилов дар Тошканд қарор доранд, мулоқот намуд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Бар хабари манбаъ, Зуҳуров қабл аз мулоқот барои пазироии самимӣ ба раисҷумҳури Узбакистон изҳори сипос намудаст

"Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ба вуҷуд омад", - афзудааст Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Парлумони Тоҷикистон се соли роҳбарии Шавкат Мирзиёвро давраи ислоҳоти муҳим ва тағйирот дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон  номид.

Зуҳуров афзудаст, ки сол қабл муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя сарду яхбаста буданд, вале бо ба сари қудрат омадани Мирзиёев ин сардиҳо комилан об шуда, давраи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон оғоз ёфт.

Баҳои баланди Шавкат Мирзиёев ба маҳорату таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон

Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар миёни 10 тағйироти мусбати Узбакистон, ки дар давраи раёсати Шавкат Мирзиёев ба вуҷуд омаданд, нуқтаи аввал — самти наздикшавӣ бо ҳамсоягон танҳо дар ҷои аввал қарор дорад.

Зимнан Шавкат Мирзиёев низ дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду давлати дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

"Муносибатҳои воқеан дӯстона ва неки ҳамсоягӣ миёни Тошканд ва Душанбе минбаъд низ бо дастгирии шахсии дӯсти ман, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар нафъи манофеи мардумони Узбакистону Тоҷикистон  таҳким хоҳанд ёфт", -  иброз доштаст Шавкат Мирзиёев.

Гузашта аз ин дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

331
Барчаспҳо:
Шавкат Мирзоев, Шукурҷон Зуҳуров, мулоқот, Ӯзбекистон
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон

Рустами Эмомалӣ ва Иноятов дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

250
(Таҷдидшуда 16:57 21.09.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати Улуғбек Иноятов, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр шудааст, ки солҳои охир равобити миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев торафт густаришу таҳким ёфта, уфуқҳои нав ба навро касб менамояд.

Манбаъ афзуд, ки иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкориҳо, дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм диққати хос зоҳир намуданд.

“Дар мулоқот таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад. Котиботи Маҷлиси миллӣ афзуд, иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми имконият ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.

250
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

339
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

339
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Эмомалӣ Раҳмон ба Бохтар рафт: сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон идома дорад

0
(Таҷдидшуда 12:43 22.09.2020)
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Бохтар рафт

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik.  Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳури сафари кории президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино бар иттилои манбаъ имрӯз пас аз дидор аз ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Гуфта шудааст, ки раисҷумҳури кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони маркази вилоят истиқбол гирифтанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯрии судманд доир менамоянд.

0
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сафари корӣ, Шаҳритус, Бохтар, Раисҷумҳур, Тоҷикистон