Ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Фармони нави Раҳмон: аз ҳисобу ҳолпурсии як ба яки мардум то дин

4328
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон рӯзҳои баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар кишварро муайян кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, барӯйхатгирии аҳолӣ дар кишвар аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар кишвар чораандешӣ намояд.

Мақомоти иҷроияи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва навоҳии дигар дастур гирифтанд, ки барои баргузории барӯйхатгирӣ ба мақомоти омор мусоидат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ”-ро қабул кард, ки бар асоси он, барои пуррагардонии варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба моддаи 6, сархати панҷум бо мазмуни – “пайравӣ ба дин” илова карда шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, яке аз ташаббускорони тағйироти мазкур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар варақаи барӯйхатгирӣ ҳамчунин суолҳо аз вазъи зиндагӣ шомил хоҳанд шуд, ки нуқта ба нуқта сабт мегардад.

“Дақиқ ҳисоб карда мешавад, ки ҳамин қадар аҳолӣ дорему дар кадом ҳолат зиндагӣ мекунанд. Ҳар қадаре омор дурусту саҳеҳ бошад, минбаъда барномаҳои иқтисодию иҷтимоии худро ҳамон қадар саҳеҳу дуруст таҳия ва татбиқ мекунем. Ин барояи ояндаи кишвар бисёр муҳим мебошад”, - изҳор дошт Ғаффоров.

Санҷиши ногаҳонии Озода Раҳмон дар қабулгоҳи вазирону раисон: на худашу на муовинаш

Ӯ тавзеҳ дод, ки зимни барӯйхатгирии аҳолӣ баробари бахшҳои дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон суол карда хоҳад шуд, ки кадом динро пайравӣ мекунанд.  Ӯ гуфт, баробари дини Ислом дар Тоҷикистон пайравони динҳои дигар низ иқомат доранд ва ҳадаф комил кардани омор мебошад.

4328
Барчаспҳо:
манзили зист, аҳолӣ, рӯйхат, фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон