Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Интихобот: Эмомалӣ мақомашро барои даври дигар ҳифз кард

2542
(Таҷдидшуда 17:46 11.10.2019)
Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Эмомалӣ Насриддинзода дубора раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Насриддинзода раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили ҳуқуқӣ интихоб гардид.

Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии ин мақомот.

"Дар нишаст намояндагони парлумони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон ширкат карданд. Нишаст аз интихоби раис оғоз шуд: бо розигии умумии аъзоёни комиссия ба мақоми раисӣ - Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, интихоб шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин ширкаткунандагони ин нишаст бо тарҳи қонунҳое, ки дар баррасии комиссия қарор доранд, ошно шудаанд.

В Таврическом дворце состоялось заседание Постоянной комиссии МПА СНГ по правовым вопросам
В Таврическом дворце состоялось заседание Постоянной комиссии МПА СНГ по правовым вопросам

Зуҳуров ба кишварҳои ИДМ: пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи терроризмро тақвият диҳед

Ҳамчунин дар ин нишаст, тарҳҳои қонунҳо "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмӣ", "Дар бораи реклама", "Дар бораи cанадҳои меъморию ҳуқуқӣ" ҷонибдорӣ шудаанд.

Тарҳҳои қонунҳои зикргардида дар нишасти ояндаи комиссия, баррасӣ хоҳанд шуд.

2542
Барчаспҳо:
нав, вазифа, Эмомалӣ