Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств Содружества Независимых Государств

Раҳмон дар барқияи шодбошияш чӣ таманно кард?

479
(Таҷдидшуда 18:38 12.10.2019)
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури тозаинтизоби Куба Мигел Диас-Канел ба хотири ба сари қудрат омаданаш барқияи шодбошӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба президенти тозаинтихоби  Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел, барқияи табрикӣ ирсол намудааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари давлат дар барқияи шодбошияш ба раисҷумҳури навтаъини Куба сиҳатии комил, муваффақият дар ҷодаи роҳбарияш ва ҳамзамон ба мардуми Куба саодату комгориро таманно намудааст.

Идомаи муборакбодӣ: Зеленский унвонии Раҳмон нома фиристод
Раисҷумҳури Тоҷикистон интихоб гардидани Мигел Диас Канелро ба заҳматҳои созанда ва самараноки худи ӯ рабт додааст.

"Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ аз ҷониби Парлумони кишвар боз як гувоҳи фаъолияту заҳматҳои созандаву самараноки Шумо ба ҳайси Роҳбари Куба мебошад", - изҳор намудаст Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳавасмандии густариши робитаҳои судманд бо Ҷумҳурии Кубаро таъкид намуда, афзудаст, ки  ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Куба итминони комил дорад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намудаст, ки раисҷумҳури тозаинтихоб кӯшишҳои худро ҷиҳати пешбурди муносибатҳои дӯстона  ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Куба дареғ нахоҳад дошт.

479
Барчаспҳо:
барқияи шодбошӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон