Путин гуфт Twitter - и Трампро намехонад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин дар бора саҳифаи Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Twitter гуфт

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки дар шабакаи иҷтимоии Twitter саҳифа надорад.

"Бахшиш ман ягон хел Twitter надорам, ман аз паси ин хабарҳо нестам", - гуфт Владимир Путин зимни мусоҳиба бо шабакаи Al Arabiya, Sky Nеws Arabia ва RT Arabic.

Шӯхии Путин дар бораи Саддом Ҳусейн ва яроқи ҳастаӣ - видео

Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимол нахустин мулоқоти Путин ва Зеленский дар Фаронса баргузор шавад

Кишвардори Русия гуфт ба саҳифаи президенти ИМА Доналд Трамп дар Twitter обуна нест, вале ахбороти саҳифаи ҳамтои арикоияшро барояш доим мерасонанд. 

"Албатта зердастонам вақт ба вақт андешаҳои президенти ИМА-ро ба ман мерасонанд. Онҳо барои кулли ҷаҳон муҳиманд. Вале ман худам намехонам", - зикр кард Путин.

Президенти Русия Владимир Путин ба наздикӣ ба Арабистони Саудӣ сафар хоҳад кард.

Тигран Саркисянро аз назди Путин "пеш" карданд - видео

Кишвардори Русия пас аз 12 сол, бори дуввум ба Ар - Риёз меравад. Дар ҳошияи сафари худ президенти Русия ба шабакаи Al Arabiya, Sky Nеws Arabia ва RT Arabic мусоҳибаи калон дод.

Путин барои хайрбод бо Жак Ширак ба Фаронса меравад

Дар ин мусоҳиба Путин доир ба масоили гуногун аз ҷумла озмоиши мушакҳои ҷадид ва вусъати НАТО дар марзҳои Русия гуфт.

Лентаи хабарҳо
0