Супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон

Ғайратшо дар ҳузури президент: аз супоридани эътимоднома то муносибати дӯстона

251
(Таҷдидшуда 17:47 21.10.2019)
Сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон Соҳибназар Ғайратшо эътимодномаи худро ба Президенти  Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Анжей  Себастиан  Дуда супорид

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Рӯзи 18 октябр, дар Варшава сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳаш дар Берлин Соҳибназар Ғайратшо эътимодномаи худро ба Президенти  Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Анжей  Себастиан  Дуда супорид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки пас аз қабули Эътимоднома Президенти Лаҳистон Сафири навтаъйинро барои суҳбати хоса пазируфтааст.

Зимни суҳбат робитаҳои Тоҷикистону Лаҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Президенти Лаҳистон сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо орзу намудааст.

"Ӯ бо ишора ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳо омодагии худро баҳри мусоидат дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Лаҳистону Тоҷикистон иброз намуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар фарҷоми маросими ташрифотӣ сафир ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таърихи кишвар ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар гузоштааст.

251
Барчаспҳо:
сафир, супоридани эътимоднома, Лаҳистон, ВУХ