Президент РФ Владимир Путин

Ҷойгузини Путин кист? Роҳбари Русия "аз саҳар то шом" дар бораи ҷойгузини оянда меандешад

517
(Таҷдидшуда 12:15 24.10.2019)
Дмитрий Киселев, мудири кулли Агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” тавзеҳ дод, ки кишвардори Русия Владимир Путин дар бораи ҷойгузини худ “аз саҳар то шом” меандешад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Владимир Путин ҷойгузини ояндаи худро ба мақоми президентӣ тайёр карда истодааст, ба донишҷӯёни факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскав ҳангоми хондани лексия гуфтааст мудири кулли Агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня”, Дмитрий Киселев.

Кисилев қайд кардааст, ки бе ҷойгузин рафтан барои Путин ин бемасъулиятӣ ҳисоб мешавад.

“Худи Путин гуфт, ки дар ин бора аз саҳар то шом фикр мекунад. Барои ӯ курсиро холи кардан ва бе ҷойгузин дарро аз берун пушида рафтан ин бе масъулиятӣ ҳисоб мешавад”, - гуфт Киселев.

Ба ақидаи мудири кулли АИБ “Россия сегодня” дилхоҳ сиёсатмадор бояд ҷойгузине барои пеш бурдани  давлатдорӣ омода намуда баъд равад.

Киселев илова кард, ки дастгирии сарони кишварҳо аз ҷойгузинҳои худ ба як “анъанаи ҷаҳонӣ” табдил ёфтааст. Барои мисол ба қатори чунин сиёсатмадорон собиқ президенти Фаронса, Франсуа Олланро, ки бо дастгирии ӯ Эмманюэл Макрон ба курсии роҳбари нишаст ва собиқ роҳбари Амрико Барак Обамаро, ки мехост Хиллари Клинтон ҷойгузинаш шавад, дохил кардан мумкин аст.

“Сиёсатмадорони бо масъулият ҷойгузин омода мекунанд. Ин хуб аст. Вобаста ба он, ки чаро дар Амрико Хиллари Клинтон президент нашуд ин маънои онро дорад, ки ҷойгузин бетолеъ будааст. Табиист, халқ интихоб мекунад ва раъйдиҳӣ баргузор мегардад. Ҳамон тавре Елсин ҷойгузини худ Путинро интихоб кард ва баъдан Путин тариқи овоздиҳии шаффоф интихоб гардид” – тавзеҳ дод Киселев.

Муҳлати президентии Владимир Путин дар соли 2024 ба поён мерасад ва интихоботи роҳбари нави Русия дар моҳи марти ҳамон сол баргузор мегардад.

Путин аз соли 2000 то 2008 ҳамчун роҳбари Русия адои вазифа кардааст. Аз соли 2008 то 2012 вазифаи Сарвазири Русияро бар уҳда дошт.

Дар натиҷаи  интихоботи соли  2012 дубора ба курсии президентӣ нишаст ва то ҳол дар ин вазифа қарор дорад.

Владимир Путин борҳо ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар бораи омода намудани ҷойгузини худ шарҳ додааст. Пештар ӯ қайд карда буд, ки ӯ аз лаҳзаҳои даври якуми президентиаш дар фикри ҷойгузин будааст.

Дар ин ҳол ӯ қайд кардааст, ки ҳар кас аз уҳдаи иҷрои вазифаи президенти Русия баромада наметавонад.

517
Барчаспҳо:
Президент, Кремл, Москва, Русия, Путин