Ҷузвдонҳо, акс аз бойгонӣ

Азми мақомоти тоҷик барои ҷалби бештари ятимон ба хизмати давлатӣ

89
(Таҷдидшуда 14:58 31.10.2019)
Мақомоти Хатлон азм доранд, ба хизмати давлатӣ бештар ҷавонони ятим ва онҳоеро ҷалб кунанд, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил кардаанду ихтисосманданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, 30 октябр бо роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят ва мудирони шуъбаҳои ташкилию кор бо кадрҳо масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ кард.

Бештар ҷалб намудани ҷавонони ятими кул ба хизмати давлатӣ ва онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кардаву ихтисосманданд, аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот будааст.

“Масъалаҳои марбут ба ҷобаҷогузории кадрҳо, ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани ҷавонони ятими кулл ва онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кардаву ихтисосманданд, риояи интизоми меҳнат ва иҷроия дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти ташкилотчигии хизматчиёни давлатӣ ва раисони маҳаллаҳо аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласа буд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти дастгоҳи раиси Хатлон.

Ғазалшоҳ Сафарзода, изҳор доштааст, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ вазифаи худро иҷро кунад.

“Хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат мебошад ва мо бояд дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта, бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намоем, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузорем”, - изҳор доштааст Сафарзода.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон инчунин дар масъалаи қабули шаҳрвандон ва корбарии бештар дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалагузорӣ кардааст.

89
Барчаспҳо:
Хатлон, Тоҷикистон