Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ва кадрҳои навтаъин

Бе зӯроварию порагирӣ: насиҳати Раҳмон ба мақомдорони қудратӣ

665
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон тафсилоти насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъин дар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдорони навтаъин дар мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллӣ дар ҳузури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва раиси КДАМ суҳбат карда, махсусан зӯргӯию ришваситониро таъкид намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба роҳбарони мақомоти амнияти миллӣ ва умури дохилӣ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки вазифаи асосии ҳар як роҳбар тарбияи кадрҳои ҷавону умедбахш мебошад.

Рӯзи 30 октябр дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори ВУД тағйироти кадрӣ амалӣ шуда, беш аз 20 генералу полковник ба мақомҳои нав таъин гардиданд. Инчунин бо қарорҳои Ҳукумат, Камолзода Фарҳод Воҳид аз вазифаи раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ барканор шуда, ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

665