Бо даъвати Медведев: сарони СҲШ ба Маскав мераванд

© пресс-служба РТПремьер-министр России Дмитрий Медведев
Премьер-министр России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳамаи сарони кишварҳои узви СҲШ - ро барои ҷашн гирифтани 75 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват намуд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Медведев дар баромади хотимавии худ дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамаи аъзоёни ин созмонро барои ширкат варзидан дар солгарди Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват намуд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Дмитрий Медведев и Кохир Расулзода (слева) перед началом встречи глав делегаций государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон
Оғози ҷаласаи навбатии сарони ҳукумати СҲШ дар шаҳри Тошканд

Сарвазири Русия дар рафти баромади худ аз масоили муҳими иқтисодӣ каме канор рафта, аз солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм ёдоварӣ кард.

Медведов афзуд, ки ин  ин рӯз яке аз муҳимтарин санаҳои таърихӣ мебошад. Зимнан, ӯ ҳамаи сарони кишварҳои узви СҲШ - ро барои ҳузур намудан дар чорабинии мазкур ба шаҳри Маскав хонд.

Расулзода унвонии Дмитрий Медведев барқияи шодбошӣ ирсол намуд

Қобили зикр аст, ки феълан Кувваҳои мусаллаҳи Русия ва чандин кишварҳои дигар, аллакай ба омодагӣ баҳри баргузор намудани гашти низомӣ, ки рӯзи 9 майи соли 2020 баргузор мешавад, шурӯъ намуданд.

Ҳузури Тоҷикистон дар ин чорабинии таърихиро,  Сардори идораи асосии ҳарбӣ-сиёсии Русия генерал - полковник Андрей Картаполов таъйид намудааст.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав (Навори мустақим)

Гузашта аз ин раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок  дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намуда буд.

Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон
Путин Раҳмонро ба Маскав даъват кард

Владимир Путин сарони ҳамаи давлатҳои ИДМ ва ҳамчунин Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро низ даъват намудаст.

Қаблан хабар дода шуд, ки ба муносибати ҷашни 75- умин солгади Ғалаба, раисҷумҳури Русия ҳамтоёни худро аз Фаронса, Чин, Амрико, Ҳиндустон ва Покистон низ даъват кард.

Маврид ба зикр аст, ки  соли 2015 дар чорабинии идона бахшида ба рӯзи Ғалаба роҳбарони 23 давлати ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони СММ ва ЮНЕСКО низ ташриф оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки соли оянда ҷашни васеи 75- умин солгарди  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0