Президент США Дональд Трамп

Трамп мегӯяд ҳузури Амрико дар Сурия ҳатмӣ ва зарур аст

119
Феълан сарҳадоти Сурияро низомиёни Туркия ва Русия назоратмекунанд ва Амрико мегӯяд, ки муҳофизат намудани сарҳади ин кишвар вазифаи онҳо нест

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Доналд Трамп мегӯяд, Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ сарҳадоти Сурияро назорат нахоҳад кард ва бигзор ба ин кор Русия ва Туркия овора шаванд.

"Амрико танҳо назорати сарҳаде, ки он ҷо нафт мавҷуд аст, ба зиммаи худ мегирад", мегӯяд Трамп.

Хабаргузории "Известия" аз қавли президент Трамп хабар медиҳад, ки қатъи оташбас дар Сурия бисёр саривақтӣ буд ва барои Амрико нафъовар, чун ин кишвар тавонист ба идомаи ҳифзи сарҳаде, ки нафт он ҷо мавҷуд аст, давом диҳад.

Зимнан Трамп изҳор намудаст, ки мехоҳад низомиёни худро аз маҳали даргири ин кишвар берун  орад. Чун қисмати зиёди аскарони Амрико дар хоки Сурия қарор доранд ва маҳалли нафтро муҳофизат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки сар аз рӯзи 9 октябри соли равон бо амри раисҷумҳури Туркия ҳамалоти низомӣ дар шимоли Сурия шурӯъ шуд.

Эрдуғон ин амалиётро "Манбаи сулҳ" номида, ҳадафи онро мубориза алайҳи Давлати исломӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ арзёбӣ кард.

Созиши сарнавиштсози Путину Эрдуғон дар масоили Сурия

Бо гузашти 8 рӯзи ин амалиёт раисҷумҳурони Туркия ва Амрико барои  оташбас намудан ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон санаи 22 октябри соли равон дар шаҳри Сочи, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин низ ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ба навбат ҳифозати марзи Сурияро бар уҳда мегиранд.

119
Барчаспҳо:
Сурия, Амрико, Доналд Трамп
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

109
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

109
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Санаи сафари Иноятов дар садри вакилони Ӯзбекистон ба Душанбе маълум шуд

142
(Таҷдидшуда 17:09 19.09.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи сафари ҳайати вакилони Ӯзбекистонро таҳти роҳбарии Улуғбек Иноятов ба Душанбе эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳадафи сафар иштирок дар нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ҳайати намояндагони парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе меояд.

Дар Душанбе мулоқотҳои ҳайати парлумонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 21 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Муҳаммадатов Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар шомиланд, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад.

“Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки щайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.

142
Барчаспҳо:
парлумон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон