Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи Конститутсия

204
(Таҷдидшуда 11:53 03.11.2019)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар пойтахти кишварро имзо кард

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ҳадафи дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани 25-солагии Рӯзи Конститутсия ин пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт мебошад.

Бо қарори раиси Душанбе, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт барои омодагӣ ва таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсия тасдиқ карда шуданд.

“Муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд”, - омадааст дар қарор.

Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардида, баъдан 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйирот ворид гардид. Инчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи қонуни "Дар бораи рӯзҳои ид", 6 ноябр дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

204