Барномаи давлатии  Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар ВМКБ

Духтарони ВМКБ - ро барои фаъолият дар "мақомҳои баланд" омода мекунанд

627
(Таҷдидшуда 14:22 10.11.2019)
Духтарону занони лаёқатманди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои фаъолият дар мақомҳои баланд омода карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатзода Зулфия бо занону духтарон, ки дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фаъолият менамоянд семинар - омӯзиш баргузор намуд.

Духтарони Хатлонро барои кор дар "мақомҳои баланд" омода мекунанд

Тибқи иттилои дастгоҳи раиси ВМКБ, Давлатзода Зулфия қайд намудааст, ки Барномаи давлатии " Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022 ба хотири ба кор ҷалб намудани бонувон ба шуғл ва пешниҳод намудани занони сохибкасб ба вазифаи роҳбарикунанда мебошад.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории ин барнома - амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Ҳамчунин омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷўдухтарон аз ҳадафҳо дигари барнома номбар шудааст.

  • Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяншуда Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
    баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ;
  • мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ;
  • такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд;
  • таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо оила дар самти фаъолият оид ба тарбияи шоистаи фарзандон ва ҷалби духтарбачагони синни мактабӣ ба таҳсил;
  • ҳавасмандгардонии донишҷўдухтарони лаёқатманд;
  • бартараф намудани номувофиқатии таносуби касбӣ бо роҳи таҳия намудани механизмҳои мусоидаткунанда барои гирифтани ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст;
  • рушди ҳамкории сохторҳои давлатии соҳавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ;
  • фаъол гардонидани нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани қолабҳои гендерии тақсими нақшҳои мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккул додани имиҷи зан-роҳбар.
627
Барчаспҳо:
духтарон, мақом, Ҳукумат, ВМКБ
Национальный флаг Китая

Қарор шуд: Чинро даҳдаста буғӣ мекунанд, оё Русия ҳам даъват мешавад?

368
(Таҷдидшуда 18:44 05.08.2020)
Дар заминаи дарк намудани ногузирии Ҷанги сард бо Чин, ки эҳтимолан таҳримҳо, маҳдудиятҳои равобити иқтисодӣ ва муқовиматро дар пай хоҳад дошт, ҷомеаи коршиносони ғарбӣ, дар ҷустуҷӯи роҳи пирӯзӣ бар Пекин ҳастанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Қариб ҳама имконоти "буғӣ кардани Чин", ки дар Вашингтон, Брюссел ва Лондон баррасӣ мешаванд, созмони эътилофи бузургеро дар назар дорад, ки бо қувваи коллективӣ барои нест кардани Чин равона мешавад, чуноне бо ИҶШС шуда буд.

Аммо, агар дар сатҳи баъзе принсипҳои роҳнамо ҳеҷ гуна гуногунӣ мушоҳида нашавад, дар сатҳи татбиқи мушаххаси ин принсипҳо мушкилии ҷиддӣ ба миён меояд, ки ҳалли онҳо найзаҳои президентҳо, сарвазирҳо, дипломатҳо ва таҳлилгаронро мешиканад.

Гап сари ин, ки дар бахре аз пойтахтҳои кишварҳои Урупо ва дар "марказҳои пажӯҳиши" - и ИМА аллакай дарк мешавад, ки баъзе аз давлатҳои Иттиҳоди Урупо (аз қабили Олмон, Фаронса ва Италия) ва ҳамчунин чанде аз кишварҳои Осиё аз чӣ бошад, намехоҳанд дар Ҷанги сард бар зидди Чин чун пешоҳангҳои ИМА ширкат кунанд.

Зиёда аз ин, онҳо намехоҳанд, ки барои пирӯзии ИМА дар ин ҷанг пул пардохт кунанд (ки он дар ҷанҷолҳои абадии Олмон ва Фаронса барои пардохти ду фоизи ММД барои "боми низомии" Амрико хуб мушоҳида мешавад) ва онҳо ҳатто омода нестанд, ки қатъиян содироти Huawei - и Чин барои шабакаҳои 5G - ро манъ кунанд, ки албатта Вашингтон ва Лондонро  бениҳоят ба хашм меорад.

Дар заминаи изҳороти урупоӣ дар бораи созмони қувваҳои мусаллаҳи худӣ ва Декларатсияи Макрон оиди хоҳиши бурдани сиёсати мустақил (яъне на бо Чин ва на бо Амрико) гумонҳо оиди он, ки ташкили эътилофи зидди Чин бисёр душвор ва гарон хоҳад буд, рӯз аз рӯз афзун мешавад ва дар баробари ин ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкил низ тақвият меёбад.

Нашриёти бонуфузи Foreign Affairs, ки таҳти назорати маркази Council on Foreign Relations ("Шӯрои муносиботи байналмилалӣ") ду роҳи ҳалли ин масъаларо нишон медиҳад, ки якеро роҳи "Доналд Трамп" ва дигареро "Борис Ҷонсон" номидан мумкин аст.

Бо назардошти таъсири бузурги Council on Foreign Relations ба тафаккури элитаи амрикоӣ ва ҷонибдорони онҳо дар Урупо (худи маркази "фикрҳо" қариб чун "сояи ҳукумати ИМА" пиндошта мешавад), бояд ба методҳое назар кард, ки барои ҳалли ин бӯҳрон пешниҳод мешаванд, чун ба Русия муносибат дорад.

Ба мақолаи нави Foreign Affairs, ки таҳти унвони "Шӯрои демократия метавонад гуногуниро дар муносиботи байналмилалӣ ҳифз кунад", роҳҳои пешниҳодшуда ба нигоҳ доштани қудрати Амрико камаш дар ҷаҳони Ғарб нигаронида шудааст.

Муаллифони нашриёти бонуфузи Амрикоӣ баҳсро аз ҷое оғоз мекунанд, ки тартиботи кунунии ҷаҳонӣ гулӯгир мешавад ва таҳдиди аслӣ имрӯз на коронавирус, балки Русия ва Чин мебошад.

"Вале то ҳамагирии коронавирус низ, он низоми гуногунҷабҳае, ки бо кумаки Амрико пас аз хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сохта шуд, базӯр аз уҳдаи ҳалии мушкилот мебарояд. COVID - 19 нишон дод, ки подшоҳ - бараҳна аст, вале дар асл подшоҳ чанд вақт боз либоси тунук дошт".

G7, ки пас аз шоки нафтии соли 1973 созмон дода шуд, то ҳол берун аз минтақаи Урупо як аъзо - Ҷопонро дорад. "Бистгонаи бузург", ки пас аз бӯҳрони соли 1997 дар Осиё созмон ёфт, қадру қиммати худро замони буҳрони иқтисодии соли 2008 нишон дода, аз нигоҳи сиёсӣ ва нуқтаи назари қобилияти ҳалли мушкилоти байналмилалӣ хеле номувофиқ дониста шуд. Дар ҳамин ҳол, эҳё шудани авторитаризм дар Русия ва Чин  Шӯрои амнияти СММ - ро аз пой зад".

Ин бисёр ташхиси ҷасурона аст, ки бо суханони зер гуфа мешавад: Ҳамаи чиз аз даст рафт ва чизе кор намекунад!.

Ва албатта ду роҳи ҳал пешниҳод мешавад, яке аз ҷониби Ҷонсон ва дигаре аз тарафи Трамп.

"Ҷонсон нахустин шуда моҳи май пешниҳод кард, эътилофе иборат аз даҳ кишвари демократӣ созмон дода шавад, ки аз кишварҳои узви G7 ва Австралия, Индия ва Куреи Ҷанубӣ ташкил шуда D10 номгузорӣ шавад, то дар соҳаи алоқа алтернативаи Huawei - ро дошта бошад. Пасон Трамп вохӯрии  G7-ро, ки бояд моҳи июн баргузор мешуд, лағв кард ва ба ҷои он баргузории формати  G11 дар тирамоҳро пешниҳод кард. Аз пешниҳоди Ҷонсон пеш гузашта Трамп хостори воридшавии ҳамаи кишварҳои зикршуда ва боз Русия шуд".

Коршиносони Foreign Affairs ворид кардани Русияро ба ин эътилоф тавсия намедиҳанд, вале онҳо формати  "D10" - ро хуш доранд, яъне пешниҳоди Ҷонсонро. Маънои тавсия ин аст, ки ҳатто агар Русияро барои дар барномаи зидди Чин ширкат кардан бовар кунонанд ҳам, пешниҳоди Трамп бисёр бад аст ва дар оянда бенатиҷа хоҳад буд, чун бар зидди Чин аст, вале пешниҳоди Ҷонсон беҳтар менамояд чун ин эъттилоф на бар зидди Чин, балки "эътилоф ба хотири хубиҳо" хоҳад шуд.

Албатта ин ҷо сухан дар бораи шиорҳои хушки "Демократия", "Озодӣ" ва "Ҳуқуқи инсон" хоҳад рафт. Аҷибаш ин, ки ин пешниҳод муқобили сиёсати ҳозираи хориҷии Вашингтон гузошта шудааст: "ИМА метавонад бар зидди барномаи сармоягузории чинии "Як камарбанд-як роҳ" ва тарҳи "Северный поток — 2", ки Русия дастгирӣ мекунад, муқобилият нишон диҳад, вале барои онҳо ба ҷонибдории худ кашидани дигар кишварҳо мушкил хоҳад буд, агар барномаеро пешниҳод насозанд. Вашингтон наметавонад бидуни истифодаи ҳеҷ чиз бар чизе пирӯз шавад".

Мушкили ин равиш дар он аст, ки намешавад "Демократия" ва "Озодӣ"- ие, ки дар ИМА сохта мешавад барои Олмон гази Русия ва барои Италия сармоягузории чиниро иваз кунад.

Ин ҷо маблағи амрикоиҳо ба кор меомад, вале ба Вашингтон чунин муносибат лозим нест, новобаста аз насаби президенти оянда: ба Байден ва Трамп мустамлика лозим аст, ва бозгардонии Иттиҳоди Урупо ба ин сатҳ чӣ дар доираи D10 ва чӣ  G11, номумкин аст, дар бораи Русия умуман бояд чизе нагуфт.

368
Барчаспҳо:
буғӣ кардан, Русия, Чин

Байден ба Трамп: Голфбозӣ бас аст, коратро анҷом бидеҳ

247
Номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо интиқоди шадид аз амалкарди раиси ҷумҳури ин кишвар дар муқобила бо вируси корона аз ӯ хост ба ҷои голфбозӣ кардан вазифаҳояшро анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ҷо Бойден дар як паёми твиттерӣ бо интиқоди шадид аз амалкарди Доналд Трамп навиштааст "дарёфти мукофотпулии бекорӣ барои миллионҳо нафар нимашаб ба поён мерасад. 

Мо як барномаи муассир дар сатҳи миллӣ барои гирифтани тест (корона) ё ҳатто як барнома барои контроли ин вирус надорем. Коркунони ҳавзаи саломат ва беҳдошти мо ҳануз таҷҳизоти кофии ҳифозати шахсӣ надоранд. Сафарҳои охири ҳафта барои голфбозӣ кардан дигар бас аст. Оқои раиси ҷумҳур коратро анҷом бидеҳ", менависад шабакаи Алъолам.

Бойден ҳамчунин навишт: Имрӯза иҷораҳо боло рафтааст. Доналд Трамп масъулияти раҳбарӣ кардани мо барои хориҷ шудан аз буҳрони КОВИД-19-ро раҳо кардааст ва мо акнун ба хотири ҳамин бо буҳрони маскан ва иҷора мувоҷеҳ ҳастем. Оқои раиси ҷумҳур ҳамин алъон иқдом бикун то амрикоиҳо маҷбур набошанд байни боми болои сарашон ё ғизо рӯи мизашон, якеро интихоб кунанд.

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Трамп ва аъзои давлати Амрико, ба иллати амалкарди заиф дар муқобила бо вируси корона дар рӯзҳои ахир ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтаанд.

Омори  донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз нишон медиҳад маҷмуъи мубталоён ба КОВИД-19 дар Амрико ба 4 миллиону 620 ҳазору 239 нафар расида ва шумори қурбониён аз 154 ҳазору 360 нафар гузаштааст.

247
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0