Коршинос: даврони Аврупо гузашт, навбат ба Осиё мерасад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПолитолог, старший советник президента германо-российской Внешнеторговой Палаты Александр Рар на XI заседании клуба "Валдай" в Сочи.
Политолог, старший советник президента германо-российской Внешнеторговой Палаты Александр Рар на XI заседании клуба Валдай в Сочи. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Александр Рар имрӯз дар бораи Осиёи Бузург на танҳо орзу кардан, балки сухан гуфтан мумкин аст. Ҳоло вақти он расидааст, ки мушоҳида кард, чӣ гуна он созмон ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Нуқтаи рушди дунё аз Ғарб ба Шарқ мегузарад, бо боварӣ дар мусоҳиба ба хаӣаргузории  Sputnik  гуфт Александр Рар, корманди илмии форуми Олмону Русия, ки дар Х-умин конфронси байналмилалии Осиё дар Узбакистон. Ба гуфтаи коршинос, дунё шоҳиди ба вуҷудоии Осиёи Бузург шудаистодааст.

“Имрӯз дар бораи Осиёи Бузург на танҳо орзу кардан, балки сухан гуфтан мумкин аст. Ҳоло вақти он расидааст, ки мушоҳида кард, чӣ гуна он сохта шуда истодааст. Паймонҳо тоза, навъҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва созмонҳои озоде, ки аз ҷониби кишварҳои гуногун ташкил меёбанд шаҳодат аз он медищанд”, - гуфт Александр Рар дар доираи конфронси “Осиёи Миёна ва Авруосиё: ҳамкориҳои бисёрҷониба дар рафти равандҳои ҷаҳонишавии бенизом”.

Коршинос мисол овард, ки Туркия аз Аврупо баромада ба Осиёи Бузурги соҳибихтиёр шомил шуд, ҳамчунин Филиппин ва Ветнам, ки ду се сол пеш аз ҳамкориҳо бо ИМА ҳадс мезаданд ру ба ин минтақа гардониданд.

Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Холиқназаров: ҳадафи ҷангиёни ДОИШ роҳ ёфтан ба Узбакистон буд

 “Дар Осиё фазои бузурги иқтисодие сохта мешавад, ки дар таърихи башарият вуҷуд надошт. Ин баробар ба 50 дар сад аз кулли иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Дар заминаи ҳамаи ин ҷараёнҳои иқтисодӣ ҳам институтҳои сиёсӣ ва ҳам иттиҳодияҳои низомӣ, ки дар оянда тартиботи дунёро бар дӯши худ мегиранд созмон дода мешаванд”, - қайд кард коршинос.

Ба гуфтаи ӯ Осиё нуқтаҳои муҳими ҳамкориро бо бузургтарин кишварҳои дунё барои ба тартиб даровардан ва рушд додани дунё баррасӣ мекунад.

“Шояд алакай замоне расидааст дар ҳақиқат даврони Аврупо хотима меёбад, ва давраи нав оғоз меёбад, ки навиштани таърихи инсоният ба дасти Осиё меафтад. Тартиботи дунёи нав тамоман аз рӯи дигар қоидаю қонунҳо сабт хоҳанд шуд. Ин мисле, ки Ғарб карда буд, кушиши созмони ҳама чиз дар заминаи системаи иқтисодиёт ва сиёсати либералӣ  нахоҳад шуд. Ин як чизи дигар хоҳад буд: ҳар як кишвар ба воситаи гуфтугӯ, имкониятҳо ва анъана хеш кӯшиши ба ҷое расидан мекунад”, - мегӯяд Александр Рар.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки кишварҳои ин минтақа аз низоми яккатанҳои берун шуда ба якҷояшавию боҳамойӣ шуруъ мекунанд.

“Ҳоло ҳама чиз бо ҷараён тағйир ёфта истодааст ва ман бар онам, ки ин оғози ҳамкориҳо кишварҳои минтақа дар сатҳи фарох аст. Ман наметавонам гуям, ки ин ҳама чӣ гуна ба анҷом мерасад, аммо дар ҳоли ҳозир ҳамааш дар сатҳи олӣ амалӣ шудаистодааст. Ин ҷо ҳама кишварҳо барои якдигар чун боду ҳаво заруранд”, - илова кард коршинос.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанд Х-умин конфронси Осиёии клуби “Валдай” баргузор гашта истодааст. Дар кори конфронс коршиносону мутахассисон аз Русия, Узбакистон,  Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Филиппин, Шветсия, ва Ҷопон иштирок мекунанд.  

 

Лентаи хабарҳо
0