Ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

4459
(Таҷдидшуда 12:46 15.11.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон сохтори Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадди ниҳоии кормандони дастгоҳи КМИР бидуни ҳайати хизматрасон 14 нафар муайян карда шудааст.

Инчунин барои дастгоҳи КМИР ду мошини хидматӣ ҷудо шуда, таъкид гардидааст, маблағгузории кори дастгоҳ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, 7 нафарро ба раёсат ва узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва парлумон номзадияшонро қабул кард.

Президент аз интихоботи соли 2020 ва номзадҳо гуфт: арзандаҳо зиёданд-акс

Аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъини дубораи Худоёрзода Бахтиёр Таварро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, таъини Абдуҷаббор Қодирзода ба мақоми муовини раиси КМИР ва 5 узви комиссия - Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода,  Азизова Муистон Бердиевна, Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбековичро ба тасвиб расонд.

4459
Барчаспҳо:
КМИРТ, интихобот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (39)