Посухи Путин ба пешниҳоди Назарбоев барои мулоқот бо Зеленский дар Қазоқистон - навор

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан нахустин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод намуда буд, ки агар барои мулоқоти Путин ва Зеленский минтақаи бетараф лозим бошад, онҳо метавонанд Қазоқистонро интихоб кунанд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Зимнан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба пешниҳоди назарбоев бобати мулоқот намудан бо ҳамтои украинии худ дар Қазоқистон посух дод.

Назарбоев зимни мулоқот дар "Клуби Остона" пешниҳод намуд, ки мулоқоти кишвардори украина Владимир Зеленский ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар Қазоқистон баргузор шавад.

"Нурсултон Абишевич - бисёр инсони соҳибэҳтиром аст. Ӯ сиёсатмадори қавӣ аст ва ман бо назарбоев муносибати қарин дорам. Ӯ барои муддати дароз дар украина ба сар мебурд, ва ин давлатро бисёр хуб медонад ва ба ман ҳар бор муносибати худ бо Украинаро нишон медиҳад....Ӯ пайваста мегӯяд, ки Украина набояд барои дарёфти хушбахтӣ он тарафи уқёнусро убур кунад, балки гуфтушунидҳоро бо ҳамсоякишвар бояд барқарор кунад", - изҳор намудаст Путин.

Ба гуфтаи Назарбоев,  раисҷумҳури Украина ба пешниҳодӣ ӯ дар бораи мулоқот дар минтақаи бетараф розӣ шудааст.

Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоев пешниҳод кард мулоқоти Путин ва Зеленский дар Қазоқистон баргузор шавад

Сиёсатмадор таъкид намудааст, ки ҳоло барои Зеленский муҳлате расидааст, ки иродаи қавь нишон диҳад ва масъалаҳои баҳснокро ҳал намояд.

Бояд гуфт, ки Қазоқистон борҳо мулоқотҳои чандҷонибаро дар қаламрави худ баргузор мекунад. Маҳз дар соли 2017 дар ин кишвар музокироти сулҳи Сурия оғоз гардид.

Ёдрас мешавем, ки Украина Русияро барои дахолат дар кашмакашҳои дохилӣ дар ҷануб шарқи кишвараш ва ворид намудани низомиён ва тасарруфи Қрим айбдор мекунад. Зиддият алакай 5 сол аст, ки идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0