Президент РФ Владимир Путин

Путин омили асосии пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро зикр кард

857
(Таҷдидшуда 01:04 21.11.2019)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни Форуми сармоягузории ВТБ Капитал "Россия зовет" омили асосии пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро зикр намуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар кори як Форум, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, сабабҳои аслии барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро эълом кард.

Бӯрӣ Каримов: агар бозсозии Горбачёв намебуд имрӯз мо магар соҳибистиқлол будем

Ба изҳори Владимир Путин пошхӯрии ИҶШС бо афзоиши миллатгароӣ дар кишварҳои Балтика ҳеҷ робитае надорад. Путин бар ин бовар аст, ки заъфи сиёсати иқтисодӣ, мӯъҷиби барҳам хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ гардида буд.

"Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба афзоиши миллатгароӣ дар давлатҳои Балтика ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Он ба иллати бесамарии сиёсати иқтисодӣ пош хӯрд", - афзудаст Владимир Путин.

Қаблан, президенти пешини Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Михаил Горбачёв гунаҳкорони асосиро ном бурд, ки дар  пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ даст доштанд.

Гунаҳкорони аслии аз байн бурдани Иттиҳоди Шӯравӣ баргузоркунандагони инқилоби моҳи августи соли 1991 мебошанд, гуфта буд президенти пешини ИҶШС Михаил Горбачёв дар суҳбат бо рӯзномаи Der Spiegel.

Путин дидгоҳаш дар бораи Зеленскийро тавзеҳ дод

"Дар хотимаи бозсозӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳое ҷавобгаранд, ки моҳи августи соли 1991 инқилоб карда, пас аз инқилоб мавқеъи сустшудаи президенти ИҶШС - ро истифода карданд", - гуфт Горбачёв.

857
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Шӯравӣ, пошхӯрӣ, Владимир Путин