Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Иштироки вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҳамоиш дар Санкт-Петербург

80
(Таҷдидшуда 21:49 23.11.2019)
Ҳайати вакилони парлумони Тоҷикистон, таҳти раёсати Қиёмиддин Миралиён дар Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рӯзҳои 21-22 ноябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои Арманистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар додаст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Дар рӯзномаи ҷаласа 9 масъала баррасӣ гардида, иштирокчиён атрофи фарҳанги сиёсӣ ва сиёсати ҷавонон дар сатҳи кишварҳои ИДМ суханронӣ намуданд. Миралиён Қиёмиддин  вобаста ба масъалаи таҳким бахшидани фаъолияти Ассамблеяи ҷавонон ва фаъол гардонидани намояндагиҳои кишварҳо пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба пазируфта шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки инчунин таҳти роҳбарии Миралиён Қиёмиддин бо иштироки васеи вакилон аз кишварҳои ИДМ мизи мудаввари муштарак байни Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ ва Комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ доир гардид.

80
Барчаспҳо:
ҳамоиш, вакилон, Тоҷикистон-Русия