Ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Ҷаласаи Ҳукумат: аз омор то ипотека ва нархгузории давлатӣ

862
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 27 ноябр маҷлиси навбатии Ҳукуматро баргузор карда, гузориши раиси Ожонси омор, Гулнора Ҳасанзодаро дар бораи Стратегияи миллии рушди омор барои давраи то соли 2030 шунид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Ҳукумат “Дар бораи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2030” сеюмин барномаи бисёрсолаи мақомоти омори давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими низоми омори миллӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи ҷамъоварии иттилооти омории ҷавобгуи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, равона мегардад.

Манбаъ афзуд, аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои қонун “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека”-ро баррасӣ карданд. Инчунин хулосаи Ҳукумати Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун “Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ирсол шудаст.

Котибот гуфт, дар охир Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ бо гармӣ ва маводи сӯзишворӣ дар мавсими сармо ва вусъати корҳои ободонӣ ҷалб кард.

862
Барчаспҳо:
ҷаласаи ҳукумат, Оҷонсии омор, Тоҷикистон