Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба Бишкек сафар кард

318
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Азим Иброҳим, Сироҷиддин Муҳриддин, Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik.  Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари давлатро дар ин сафар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Раҳмон дар Бишкек бо Путин, Лукашенко ва ҳамсояҳо амниятро баррасӣ мекунад

Гуфта мешавад, лар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев,  Шукурҷон Зуҳуров,Қоҳир расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки фардо дар шаҳри Бишкек ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

Тоҷикистону Русия масоили амниятӣ ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Дар ин нишаст инчунин иштироки президентҳои Русия – Владимир Путин,  Қазоқистон – Қосим - Жомарт Тоқаев,  Белорусия – Александр Лукашенко, Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков ва сарвазири Арманистон, Никол Пашинян дар назар аст, хабар додаст котиботи СААД.

318
Барчаспҳо:
сафар, Бишкек, Эмомалӣ Раҳмон