Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон

Мулоқот ва даъвати Раҳмон аз Мирзиёев

396
(Таҷдидшуда 09:31 29.11.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон вохӯрӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди тиҷорату иқтисод, нақлиёт, фарҳангию гуманитарӣ ва маориф, баррасӣ намуданд.

Манбаъ афзуд, ки роҳбарони ду давлат аз рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳои байниминтақавӣ, бахусус миёни пойтахтҳои ду кишвар, изҳори қаноатмандӣ карданд.

“Таъкид гардид, ки афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ин зимн татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ ва саноати истеҳсолӣ низ муҳим арзёбӣ гардид”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ илова намуд, ки дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд, таъкид кардааст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

396
Барчаспҳо:
Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, мулоқот, Тоҷикистон-Узбакистон