Нурсултон Назарбоев, акс аз бойгонӣ

Назарбоев низ дар Тошканд мақоми нав гирифт

478
(Таҷдидшуда 17:55 29.11.2019)
Елбасӣ Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон дар ҳамоиши раисиҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд ба мақоми нав интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Назарбоев дар мулоқоти Тошканд ба мақоми роҳбари ифтихории мулоқоти машваратии президентҳои ОМ интихоб гардид, хабар дод котиби Елбасӣ, Айдос Укибай.

“Дар дуюмин мулоқоти машваратии президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ сарони ҳайатҳо тасмим гирифтанд, ки Нурсултон Назарбоев ба мақоми роҳбари ифтихории мулоқоти машваратии Осиёи Марказӣ таъин шавад”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Укибай.

Назарбоев дар ҳамоиши президентҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистонро намояндагӣ мекунад.

Дар мулоқот раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қирғизистон Соронбой Жээнбеков, президенти  Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ширкат доштанд.

Дар ин нишаст, сарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, маҷмуи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. 

478
Барчаспҳо:
Қазоқистон, Узбакистон, Осиёи Миёна