Военный обозреватель Виктор Литовкин, архивное фото

“Аз сар ба по”. Коршинос гуфт, ки чаро Русияро таҳдиде баро НАТО хонданд

106
Вазири Мудофиаи Британияи Кабир Русияро “таҳдиди ҷиддие” барои НАТО хонд. Коршиноси соҳаи ҳарбӣ Виктор Литовкин дар мусоҳиба ба Sputnik маънои баёнияи ҷониби Ғарбро бо тахмин гуфт.

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бен Уоллес, Вазири мудофиаи Британияи Кабир Русия ҳангоми гуфтушуниҳои пешазинтихоботӣ дар Институти таҳқиқотҳои мудофиавии иттиҳодияи Шоҳигари RUSI “таҳдиде барои НАТО” хонд.

“Аз ҷониби Русия ба НАТО хатари ҷиддӣ эҳсос карда мешавад. Русия қадам ба қадам миллиметр ба миллиметр мавқеи моро танг карда истода аст”, - овардааст суханҳои Бен Уоллес, Вазири мудофиаи Британияи Кабирро РИА НОвости.

Ба ақидаи Бен Уоллес Русия бо ин мақсад Украинаро истифода карда воситаҳои “гибриди” оғози ҷангро роҳандозӣ мекунад.

Вазир ба НАТО, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Five Eyes (ИМА, Британияи Кабир, Канада, Австралия, Зеландияи нав) пешниҳод кардааст, ки вазъро таҳти назорат гирифта “адаби Русияро диҳанд”.

Аммо Коршиноси соҳаи ҳарбӣ Виктор Литовкин мегӯяд, ки чунин суханҳоро набояд ҷиддӣ қабул кард.

“Ин суханҳо аз бемории руҳӣ доштани ин вазир дарак медиҳанд. Русия ба касе таҳдид намекунад ва ҳатто ба марзи НАТО наздик намешавад, вале баракс НАТО ба сарҳадҳои Русия наздик мешавад ва дар дар наздикии мо пойгоҳҳои низомиашонро ҷой мекунанд. Сухан дар бораи кушиши таҳдид аз ҷониби Русия ба НАТО ин ҳамаро аз сар о ба по дар ҳайрат мегузорад. НАТО Славаки Ҷанубӣ, Ироқ, Афғонистон, Ливия ва дигаронро бомбарон карданд. Баъзе аъзоҳои НАТО то ҳол ғайриқонунӣ дар Сурия мебошанд ва нафти онҳоро дӯздӣ мекунанд. Русия ҳеҷ гоҳ ин тавр накардааст ва намекунад. Барои ҳамин онҳо кишварҳои Аврупоро метарсонанд то ки барои харидории силоҳҳои амрикоӣ пул ҷафида гиранд. Онҳоро метарсонанд ва ҳамин тавр роҳбарӣ мекунанд. Одатан бо роҳи тарсонидан роҳбари кардан осон аст”, - ба радиои Sputnik гуфт Виктор Литовкин.

106
Барчаспҳо:
Украина, Аврупо, НАТО, Русия