Бойцы Талибан в Провинции Нанганхар, архивное фото

Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ

298
(Таҷдидшуда 09:49 02.12.2019)
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки то Толибон оташбас накунанд, Иёлоти Муттаҳида созишномаи сулҳро имзо нахоҳад кард/ Дар посух ба ӯ Толибон гуфтанд, ки аввал созишномаи сулҳ, пас оташбас

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik.  Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ин мавқеи Амрикоро чанд рӯзи қабл зимни як сафари эълоннашуда ба Афғонистон дар фурудгоҳи “Багром”, ки таҳти идораи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО қарор дорад, дар ҳузури ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай баён намуд.

Музокироти сулҳ миёни Амрикову Толибон моҳи сентябри соли равон дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар минтақаи Шашдараки Кобул, ки 12 кушта, аз ҷумла як низомии амрикоиро ба ҷой гузошт ва Толибон масъулияти онро ба дӯш гирифтанд, яктарафа аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ба таъхир афтод.

Раисҷумҳури Амрико он замон дастур дод, ки раванди музокирот ва имзои созишнома қатъ шавад. Пас аз сафари ғайримунтазираи Доналд Трамп ба Афғонистон музокироти Амрикову Толибон дар Доҳаи Қатар аз сар гирифта шуд. Дар ин миён чӣ гузашт? Як коршиноси аршади Афғонистон инро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

Парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп интиқод кард

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, собиқ узви парлумон ва яке аз чеҳраҳои маъруфи низомии зиддитолиб дар Афғонистон мегӯяд, ҳодисаи Шашдарак як баҳонаи амрикоиҳо барои қатъи музокирот ва имзои созишнома буд. Ба қавли ӯ, он замон амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Толибон имзои тавофуқномаро пирӯзӣ бар Амрико ва пирӯзии ҷиҳоди худ медонистанд.

“Толибон омодагӣ ба як ҷашни бузург мегирифтанд. Хеле ҳаяҷонӣ ва завқзада буданд. Амрико вақте завқзадагии Толибонро дид, эҳсос кард, ки иштибоҳ кардааст ва он иштибоҳ ин аст, ки толибро болотар аз ҷое, ки лозим буд, нишондааст. Аз ин хотир, бо баҳонаи ҳодисаи Шашдарак музокиротро мутаваққиф карданд”, - гуфт Регистонӣ.

Ба қавли ин коршинос, ин вазъ Толибонро маҷбур кард, то ба фикри аз сар оғоз кардани музокирот шаванд ва ҳайатҳои худро ба кишварҳои дахил дар минтақаву Афғонистон - Русия, Чин, Эрон фиристоданд, то битавонанд Амрикоро сари мизи музокирот биёваранд ва тавофуқномаро имзо кунанд.

“Амрикоиҳо чун диданд, дуруст муҳосаба кардаанд, шурӯъ карданд ба гузоштани шартҳои ҷадид: шарти аввал ин буд, ки Толибон интихоботро ихлол накунанд, ки накарданд. Тавре дидед, интихоботи раёсатиҷумҳурии моҳи сентябр ором гузашт, ҳарчанд Толибон ваъдаи ба хоку хун кашидани онро дода буданд. Шарти дуюми амрикоиҳо ин буд, ки Толибон дар шаҳрҳои бузург, махсусан Кобул ҳамалоти интиҳорӣ накунанд. Толибон ин шартро ҳам иҷро карданд. Қариб ду моҳ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон ягон ҳамлаи террористӣ анҷом нашуд. Шарти сеюм ин буд, ки гаравгонҳои амрикоиро раҳо кунед, зеро шумо инҳоро ихтитоф кардед, инҳо дар ҷанг асир нашудаанд. Толибон дар баробари ин шарт талаб карданд, ки муҳимтарин асирони худ – Анас Ҳаққониву боз ҳудуди 80 нафари дигарро аз Амрико талаб намоянд. Ин шарт ҳам иҷро шуд. Ҳукумати Афғонистон бо вуҷуди норизоиятиҳо дар ҷомиа онҳоро ба амрикоиҳо таслим кард. Азбаски ҳукумати Кобул аз сӯи Амрико пуштибонии моливу низомӣ мешавад, ин талабро рад карда натавонист. Тавре мегӯянд, “ҳар кӣ нон диҳад, фармон диҳад”, - гуфт Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, яке аз раҳбарони низомӣ ва сиёсии Шӯрои наззор, танзими таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруф ва Қаҳрамони миллии Афғонистон буд. Дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ Регистонӣ фиристодаи хоси Аҳмадшоҳи Масъуд дар Маскав ва пас аз суқути ин режим як давра узви парлумони Афғонистон буд.

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Толибон ҳанӯз тирамоҳи соли 2018 шурӯъ шуда буд. Коршиносон онро қадами аввал ба сӯи сулҳ дар Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Қарор аст, пас аз имзои созишнома миёни Амрикову Толибон музокироти байнулафғонӣ оғоз шаванд, ки дар он тамоми нерӯҳои сиёсӣ ширкат хоҳанд кард.

298
Барчаспҳо:
сулҳ, Афғонистон, Амрико
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

10
Гузориши Департаменти Давлатӣ дар бораи "таблиғи русӣ" бо ҳадафи пешниҳоди Маскав дар бораи барқарор кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида пешбинӣ шудааст, гуфт сафорати Русия дар Вашингтон

Қаблан Маркази ҷалби глобалии Департаменти Давлатӣ гузоришеро дар бораи "сутунҳои маълумоти бардурӯғи Русия" интишор кард, ки мафҳуми "таблиғи русиро" ба низом овард. Ин таъриф, аз ҷумла, аз ҷониби васоити ахбори оммаи Русия бо маблағгузории давлатӣ ҷамъбаст карда шуд. Дар сарлавҳаҳои Sputnik, РИА Новости, RT, Первий канал, Россия 24 ва ғайра намунаҳои пароканда оварда шудаанд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ба расонаҳои Русия ва дигар кишварҳо ҳушдор додаанд, ки матлабҳои таблиҳотии онҳо алайҳи ИМА ҷиддан тафтиш мешаванд ва ҳамчунин манбаҳои паҳнкунандаи он дар шабакаҳои иҷтимоиро амрико бидуни дудилагӣ мебандад.

Дар сафорат изҳор доштанд, ки ба Департаменти давлатӣ "мавҷудияти манбаҳои алтернативии иттилоотӣ" писанд нест ва барои ошкору бартараф кардани онҳо захираҳои ҷиддӣ равона карда шудааст.

Дилхоҳ овозе, ки бар муқобили Вашингтон аст, он ҳамчун хизмат ба Кремл ва хадамоти Русия пиндошта мешавад, таъкид намуданд дипломатҳои амрико дар сафҳаи Фейсбук.

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

Сафорат намунаҳои изҳороти бемаънии ин гузоришро ифшо намудаст. Аз ҷумла "дар иртиботи расмии ҳукумат" Вазорати умури хориҷии ИМА раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ва радиои хусусии "Говорит Москва" сабти ном кардааст.
Зимнан, Департаменти Амрико барои ифшои маълумоти бардурӯғ дар соли 2021 ҳудуди 138 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия борҳо тамоми иттиҳомоти Амрико дар робита ба он, ки Русия маълумоти бардурӯғро мунташир мекунад, рад намуда буд.

Трамп Меркелро ҷазо медиҳад: Олмонро пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст -навор

Дар Амрико  агентии  давлатӣ оид ба пахши хориҷӣ аз қабили Садои Амрико ва радиои Озодӣ вуҷуд дорад, ки Вазорати адлияи Русия онҳоро дар якҷоягӣ бо дигар расонаҳои хабарӣ ба рӯйхати агентҳои хориҷӣ шомил кард.

Ин созмон, ки аз соли 1994 Шӯрои Идораи Телерадиошунавонӣ (BBG) ном дошт, соли 2018 Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба Глобалии Медиа (USAGM) номгузорӣ шуд. Дар доираи он, барномаҳои телевизионӣ таҳия карда мешаванд, аммо тақрибан танҳо барои пахши интернет. Агентӣ пурра аз буҷаи ИМА маблағгузорӣ мешавад, дар соли 2017 хароҷоти он 748 миллион долларро ташкил додааст.

10
Барчаспҳо:
таблиғ, Амрико, Русия, сафорат
Национальный флаг Китая

Қарор шуд: Чинро даҳдаста буғӣ мекунанд, оё Русия ҳам даъват мешавад?

617
(Таҷдидшуда 18:44 05.08.2020)
Дар заминаи дарк намудани ногузирии Ҷанги сард бо Чин, ки эҳтимолан таҳримҳо, маҳдудиятҳои равобити иқтисодӣ ва муқовиматро дар пай хоҳад дошт, ҷомеаи коршиносони ғарбӣ, дар ҷустуҷӯи роҳи пирӯзӣ бар Пекин ҳастанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Қариб ҳама имконоти "буғӣ кардани Чин", ки дар Вашингтон, Брюссел ва Лондон баррасӣ мешаванд, созмони эътилофи бузургеро дар назар дорад, ки бо қувваи коллективӣ барои нест кардани Чин равона мешавад, чуноне бо ИҶШС шуда буд.

Аммо, агар дар сатҳи баъзе принсипҳои роҳнамо ҳеҷ гуна гуногунӣ мушоҳида нашавад, дар сатҳи татбиқи мушаххаси ин принсипҳо мушкилии ҷиддӣ ба миён меояд, ки ҳалли онҳо найзаҳои президентҳо, сарвазирҳо, дипломатҳо ва таҳлилгаронро мешиканад.

Гап сари ин, ки дар бахре аз пойтахтҳои кишварҳои Урупо ва дар "марказҳои пажӯҳиши" - и ИМА аллакай дарк мешавад, ки баъзе аз давлатҳои Иттиҳоди Урупо (аз қабили Олмон, Фаронса ва Италия) ва ҳамчунин чанде аз кишварҳои Осиё аз чӣ бошад, намехоҳанд дар Ҷанги сард бар зидди Чин чун пешоҳангҳои ИМА ширкат кунанд.

Зиёда аз ин, онҳо намехоҳанд, ки барои пирӯзии ИМА дар ин ҷанг пул пардохт кунанд (ки он дар ҷанҷолҳои абадии Олмон ва Фаронса барои пардохти ду фоизи ММД барои "боми низомии" Амрико хуб мушоҳида мешавад) ва онҳо ҳатто омода нестанд, ки қатъиян содироти Huawei - и Чин барои шабакаҳои 5G - ро манъ кунанд, ки албатта Вашингтон ва Лондонро  бениҳоят ба хашм меорад.

Дар заминаи изҳороти урупоӣ дар бораи созмони қувваҳои мусаллаҳи худӣ ва Декларатсияи Макрон оиди хоҳиши бурдани сиёсати мустақил (яъне на бо Чин ва на бо Амрико) гумонҳо оиди он, ки ташкили эътилофи зидди Чин бисёр душвор ва гарон хоҳад буд, рӯз аз рӯз афзун мешавад ва дар баробари ин ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкил низ тақвият меёбад.

Нашриёти бонуфузи Foreign Affairs, ки таҳти назорати маркази Council on Foreign Relations ("Шӯрои муносиботи байналмилалӣ") ду роҳи ҳалли ин масъаларо нишон медиҳад, ки якеро роҳи "Доналд Трамп" ва дигареро "Борис Ҷонсон" номидан мумкин аст.

Бо назардошти таъсири бузурги Council on Foreign Relations ба тафаккури элитаи амрикоӣ ва ҷонибдорони онҳо дар Урупо (худи маркази "фикрҳо" қариб чун "сояи ҳукумати ИМА" пиндошта мешавад), бояд ба методҳое назар кард, ки барои ҳалли ин бӯҳрон пешниҳод мешаванд, чун ба Русия муносибат дорад.

Ба мақолаи нави Foreign Affairs, ки таҳти унвони "Шӯрои демократия метавонад гуногуниро дар муносиботи байналмилалӣ ҳифз кунад", роҳҳои пешниҳодшуда ба нигоҳ доштани қудрати Амрико камаш дар ҷаҳони Ғарб нигаронида шудааст.

Муаллифони нашриёти бонуфузи Амрикоӣ баҳсро аз ҷое оғоз мекунанд, ки тартиботи кунунии ҷаҳонӣ гулӯгир мешавад ва таҳдиди аслӣ имрӯз на коронавирус, балки Русия ва Чин мебошад.

"Вале то ҳамагирии коронавирус низ, он низоми гуногунҷабҳае, ки бо кумаки Амрико пас аз хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сохта шуд, базӯр аз уҳдаи ҳалии мушкилот мебарояд. COVID - 19 нишон дод, ки подшоҳ - бараҳна аст, вале дар асл подшоҳ чанд вақт боз либоси тунук дошт".

G7, ки пас аз шоки нафтии соли 1973 созмон дода шуд, то ҳол берун аз минтақаи Урупо як аъзо - Ҷопонро дорад. "Бистгонаи бузург", ки пас аз бӯҳрони соли 1997 дар Осиё созмон ёфт, қадру қиммати худро замони буҳрони иқтисодии соли 2008 нишон дода, аз нигоҳи сиёсӣ ва нуқтаи назари қобилияти ҳалли мушкилоти байналмилалӣ хеле номувофиқ дониста шуд. Дар ҳамин ҳол, эҳё шудани авторитаризм дар Русия ва Чин  Шӯрои амнияти СММ - ро аз пой зад".

Ин бисёр ташхиси ҷасурона аст, ки бо суханони зер гуфа мешавад: Ҳамаи чиз аз даст рафт ва чизе кор намекунад!.

Ва албатта ду роҳи ҳал пешниҳод мешавад, яке аз ҷониби Ҷонсон ва дигаре аз тарафи Трамп.

"Ҷонсон нахустин шуда моҳи май пешниҳод кард, эътилофе иборат аз даҳ кишвари демократӣ созмон дода шавад, ки аз кишварҳои узви G7 ва Австралия, Индия ва Куреи Ҷанубӣ ташкил шуда D10 номгузорӣ шавад, то дар соҳаи алоқа алтернативаи Huawei - ро дошта бошад. Пасон Трамп вохӯрии  G7-ро, ки бояд моҳи июн баргузор мешуд, лағв кард ва ба ҷои он баргузории формати  G11 дар тирамоҳро пешниҳод кард. Аз пешниҳоди Ҷонсон пеш гузашта Трамп хостори воридшавии ҳамаи кишварҳои зикршуда ва боз Русия шуд".

Коршиносони Foreign Affairs ворид кардани Русияро ба ин эътилоф тавсия намедиҳанд, вале онҳо формати  "D10" - ро хуш доранд, яъне пешниҳоди Ҷонсонро. Маънои тавсия ин аст, ки ҳатто агар Русияро барои дар барномаи зидди Чин ширкат кардан бовар кунонанд ҳам, пешниҳоди Трамп бисёр бад аст ва дар оянда бенатиҷа хоҳад буд, чун бар зидди Чин аст, вале пешниҳоди Ҷонсон беҳтар менамояд чун ин эъттилоф на бар зидди Чин, балки "эътилоф ба хотири хубиҳо" хоҳад шуд.

Албатта ин ҷо сухан дар бораи шиорҳои хушки "Демократия", "Озодӣ" ва "Ҳуқуқи инсон" хоҳад рафт. Аҷибаш ин, ки ин пешниҳод муқобили сиёсати ҳозираи хориҷии Вашингтон гузошта шудааст: "ИМА метавонад бар зидди барномаи сармоягузории чинии "Як камарбанд-як роҳ" ва тарҳи "Северный поток — 2", ки Русия дастгирӣ мекунад, муқобилият нишон диҳад, вале барои онҳо ба ҷонибдории худ кашидани дигар кишварҳо мушкил хоҳад буд, агар барномаеро пешниҳод насозанд. Вашингтон наметавонад бидуни истифодаи ҳеҷ чиз бар чизе пирӯз шавад".

Мушкили ин равиш дар он аст, ки намешавад "Демократия" ва "Озодӣ"- ие, ки дар ИМА сохта мешавад барои Олмон гази Русия ва барои Италия сармоягузории чиниро иваз кунад.

Ин ҷо маблағи амрикоиҳо ба кор меомад, вале ба Вашингтон чунин муносибат лозим нест, новобаста аз насаби президенти оянда: ба Байден ва Трамп мустамлика лозим аст, ва бозгардонии Иттиҳоди Урупо ба ин сатҳ чӣ дар доираи D10 ва чӣ  G11, номумкин аст, дар бораи Русия умуман бояд чизе нагуфт.

617
Барчаспҳо:
буғӣ кардан, Русия, Чин
Грузовик с газом, архивное фото

Боз гаронтар: газ 4, 5 сомонӣ шуд. Оё нарх поён меравад?

0
(Таҷдидшуда 15:25 06.08.2020)
Қимати гази моеъ, аз умдатарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафта ба 4, 5 ва ҳатто дар баъзе аз таъмингоҳҳои маводи сухт то ба 4, 7 сомонӣ баробар шудааст. Зимнан ин нархнома назар ба як моҳи қабл беш аз 55 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 4, 5 – 4, 7 сомонӣ боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ нархи он дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Сабаби боло рафтани қиммати газро масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт расман шарҳ намедиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) дар ноҳияи Варзоб гуфт, барои ӯ ҳам дақиқ маълум нест, ки чаро нархи газ рӯз ба рӯз боло меравад.

“Мо коргари оддӣ ҳастем. Шахсан ман танҳо дастгоҳи газдиҳандаро ба баки мошинҳо насб мекунам. Маблағи фурӯши газро нафари дигар дар хазина қабул мекунад. Ростӣ барои мо ҳам маълум нест сабаби болоравии нарх, инро роҳбарон медонанд”, иброз намуд, ҳамсуҳбти мо.

Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои нақлиёт аз баланд шудани нархи газ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, баланд шудани арзиши газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID -19 ба ҷайби зарба мезанад.

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

"Нархи газ ба кори мо таъсир мерасонад. Нархи газ гарон шуд гуфта, нархи хизматрасонии мусофиркашони (таксӣ) ро зиёд кунем, ҳеҷ кас намешинад. Дар ин миён мо бояд ҳар моҳ маблағи патентро супорем. Агар нарх ҳамингуна боло рафтан гирад, кори мо тамом мешавад”, - гуфт ронандаи таксӣ.

Коршиносон мегуянд, тағйири нархи газ дар Тоҷикистон дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад.

Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт.

Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам рӯз ба рӯз баланд шуд.

Ҳоло бар тибқи мушоҳидаҳо нархи газ дар қиёс ба як моҳи пеш беш аз 55 % баланд шуда то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шудааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Аммо то кунун ҳеҷ кадом аз ин ширкатҳо дар бораи сабабҳои болоравии нарх расман изҳори назар накардаанд. Ин вазъ то кай давом мекунад ва нархи газ кай поён меравад? Ин суолест, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар масъулинро манзур медорад.

0
Барчаспҳо:
НФС, шикоят, сокинон, гарон, нарх, гази моеъ, Тоҷикистон