Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял председателя столицы Республики Таджикистан – города Душанбе Рустама Эмомали

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

368
(Таҷдидшуда 15:49 03.12.2019)
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дидор бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, салом ва орзущои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев  шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Узбакистон.

Ба иттилои манбаъ, дар оғози мулоқот Шавкат Мирзиёев аз муносибат ва ҳамкориҳои хуби Тоҷикистону Узбакистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр  намудаст, ки муносибатҳои дӯстона ва равобити ҳамсоякишварӣ дар солҳои ахир босуръат рушд ёфтааст.

Зимнан, Мирзиёев таъкид намуд, ки  бо иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвари бародар ҳамкориҳои гуногунҷанба ба сатҳи сифатан нав бардошта шудааст.

Супориши Рустами Эмомалӣ: муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахт навбатдор меистанд

Ҳамзамон, Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе низ барои пазироии самимӣ ба раисҷумҳури Узбакистон арзи сипос намуда, паём ва орзуҳои неки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд.

Манбаъ меафзояд, ки ҷонибҳо паҳлуҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба ташкили муколамаи мунтазам дар соҳаҳое чун идоракунии шаҳр ва рушди инфрасохтор, лоиҳаҳои муштараки роҳҳо ва ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: санаи ба рӯйхатгирии аҳолии Душанбе маълум шуд

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ озими шаҳри Тошкнд гардида дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро ҳокими  шаҳр Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев пешвоз гирифт.

368
Барчаспҳо:
мулоқот, Рустами Эмомалӣ, Шавкат Мирзиёев