Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Жомарт Тоқаев

Суҳбати телефонӣ: Тоқаев Эмомалӣ Раҳмонро ба Қазоқистон даъват кард

216
(Таҷдидшуда 19:57 23.12.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯз бо Қосим-Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони давлатҳо ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.

"Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ ибрози назар намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид карданд", - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, Тоқаев аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки дар фурсати барояш муносиб ба ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Ҷонибҳо созиш кардаанд, ки мулоқоташон соли 2020 дар пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кард, ки дар идомаи суҳбати телефонӣ президентҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 мубодилаи табрикот анҷом дода, ба мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу намуданд.

216
Барчаспҳо:
Қазоқистон, суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон