Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Қабули пешниҳоди Раҳмон барои барканории Қодирзода

3820
Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз 39 масъала, аз ҷумла пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои барканории Абдуҷаббор Қодирзода Сафаралиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Палатаи болоии парлумон имрӯз Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралиро аз мақоми муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд кард.

Тибқи иттилои котибот, пешниҳоди мазкур аз ҷониби раисиҷумҳур ироа гардида, аъзои Маҷлиси миллӣ онро қабул карданд.

Бозхонди Қодирзода дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи октябри соли равон номзадияшро ба мақоми муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карда буду Маҷлиси намояндагон онро қабул намуд.

Маҷлиси Шӯрои исломӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Эрон даъват кард

Бар асоси қонунгузории таҷдидшудаи Тоҷикистон, аъзо ва роҳбарони КМИР бояд ғайриҳизбӣ, беғараз, бетараф ва мустақил бошанд. Роҳбарии КМИР-ро ҳамоно Худоёрзода Бахтиёр Тавар ба уҳда дорад.

3820