Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Тағйироти кадрӣ: Латифзода аз нав раиси ҲАТ интихоб шуд

1141
(Таҷдидшуда 08:55 28.12.2019)
Барномаи пешазинтихоботии ҲАТ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар ҳайати 13 нафар тасдиқ шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Рӯзи 20 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Анҷумани VII Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) баргузор гардидааст.

Дар он роҷеъ ба вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат ва ширкати ҲАТ дар интихобот раиси он Рустам Латифзода маърӯза кардааст, хабар медиҳад нашрияи "Садои мардум".

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Зикр шудааст, ки дар панҷ соли охир беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди кишвар ба узвияти ҲАТ пазируфта шудааст. Ҳоло ҳизб беш аз 50 ҳазор узв дорад.

Рустам Латифзода перомуни омодагӣ ба интихоботи дарпешистода гуфтааст:

"Ҳизби мо деҳқонони олиҳиммат, кормандони муассисаву ташкилотҳои комплекси агросаноатӣ, зиёиён, олимону донишҷӯён ва касонеро, ки ояндаи соҳаи кишоварзӣ барояшон авлавият дорад, муттаҳид месозад".

Ӯ мақсади асосоии иштироки ҲАТ дар интихоботро, саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа, таҳким ва тақвият бахшидани қонунгузории миллӣ гуфтааст.

"Айни ҳол панҷ аъзои ҳизб дар парламенти мамлакат фаъолият менамоянд. Фраксияи ҲАТ бо аъзои фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон 21 лоиҳаи қонун, аз ҷумла, 8 қонуни мукаммали соҳавиро таҳия намуд", афзудааст Латифзода.

Сипас, чанде аз вакилон суханронӣ ва бори дигар якдилона Рустам Латифзодаро ба сифати раиси ҲАТ интихоб намудаанд.

Ҳамин тариқ, муовинони раиси ҲАТ, Барномаи пешазинтихоботии он ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар ҳайати 13 нафар тасдиқ шудаанд.

1141
Барчаспҳо:
Рустам Латифзода, ҲАТ, интихобот, Тоҷикистон