Паёми солинавии Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии Соли нави милодӣ шодбош гуфтаст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.  Путин дар паёми шодбошияш ба Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳо дар соли ҷадид таъкид кардааст, хабар дод котиботи Кремл.

Президент РФ Владимир Путин подписывает документ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин созишномаи муҳоҷират бо Тоҷикистонро имзо кард

Раисиҷумҳури Русия густариши муносиботи стратегӣ бо Тоҷикистонро  зикр карда, ду кишварро иттифоқчӣ арзёбӣ кардааст.

Путин изҳори боварӣ кардааст, созишномаҳое, ки ҳангоми сафари Раҳмон ба Маскав моҳи апрели соли равон имзо шуданд, бо муваффақият амалӣ хоҳанд гардид. Ӯ илова намудаст, ки созишномаҳои мазкур замина барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо хоҳанд шуд.

Путин ҳамчунин ҳамкории созанда бо Тоҷикистон барои таъмини амнияту суботи минтақавиро муҳим хондаст.

Дар баробари раисиҷумҳури Тоҷикистон паёмҳои шодбошии Владимир Путин инчунин ба роҳбарони Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон фиристода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0