Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

269
(Таҷдидшуда 19:02 30.12.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо ҳамтои узбакистонияш, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Мирзиёев ва Раҳмон ҳамдигарро бо фарорасии соли нави 2020 шодбош гуфтаанд, хабар додааст котиботи раисиҷумҳури Узбакистон.

Манбаъ афзуд, соли равон дар таърихи муносиботи ду кишвар ҳамчун соли идомаи рушди ҳамкориҳо, таҳкими ҳамсоядории неку дӯстии бисёрасрӣ ва устувор шудани шарикии стратегӣ сабт мешавад.

“Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳо миёни ҳукуматҳо, парлумонҳо ва минтақаҳо, аз он ҷумла миёни Тошканд ва Душанбе дар ҳоли густариш қарор доранд. Афзоиши савдо, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ҷой дошта, равобити фарҳангӣ-гуманитарӣ таҳким ёфта истодаанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Узбакистон.

Ҳаждаҳумин гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ифтитоҳ мешавад

Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили минтақавию байналмилалиро баррасӣ кардаанд, аммо тафсилоти он ироа нашудааст.

Мирзиёев ва Раҳмон махсус муҳимияти мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намудаанд, ки моҳи ноябри соли равон дар пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

269
Барчаспҳо:
Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Узбакистон
Интихобот, акс аз бойгонӣ

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

1831
(Таҷдидшуда 20:29 15.07.2020)
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи интихоботи миёнадавриро 13 сентябри соли равон таъйин кард

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Душанбе, 13 сентябри соли равон ба ҷои ду вакили шаҳрӣ, ки ваколаташон пеш аз муҳлат қатъ гардид, вакилони нав интихоб мешаванд.

Манбаъ афзуд, ки ваколати Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии №23 бинобар бар сабаби таъйинаш ба мақоми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пеш аз муҳлат қатъ шуд.

Абдуллозода, собиқ роҳбари беморхонаи “Истиқлол”, ки чанде қабл бо фармони раисиҷумҳур вазири тандурустӣ таъйин гардид.

Инчунин ваколатҳои Зуҳурова Заррина Ҳабибуллоевна, вакил аз ҳавзаи интихоботии №42 низ бинобар таъйинаш ба мақоми сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.

Шаҳрдории Душанбе афзуд, ки санаи 13  сентябри соли 2020 ба ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №42 интихоботи вакилон таъйин гардида, Комиссияи шаҳрии интихобот дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шуд.

1831
Барчаспҳо:
интихобот, Тоҷикистон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

1715
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

1715
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон
Деньги, архивное фото

Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад

0
(Таҷдидшуда 17:09 16.07.2020)
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бино бар паҳншавии вируси корона ҷумҳури барои иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 миллион қарз ва 54 миллион сомонӣ грантӣ гирифта натавонист

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ба сабаби  пандемияи COVID-19 сармоягузорони байнулмилалӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзу грантҳоро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам хоҳанд кард.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Вай дар ин робита изҳор кард, ки бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.

Кӣ ҳақ: Кумитаи амнияти озуқаворӣ ё Палатаи ҳисоб?

Инчунин Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.

0
Барчаспҳо:
гирифтани қарз, грант, қарз, вирус, Палатаи ҳисоб, Тоҷикистон