Президенты Таджикистана и Кыргызстана на переговорах

Раҳмон дар Соли нав мақсадашро ба Жээнбеков гуфт

972
(Таҷдидшуда 19:27 30.12.2019)
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мақсадҳои ҷониби Тоҷикистонро гуфт

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.  Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков телефонӣ суҳбат кард.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, ба унвони мардумони ҳарду давлат табодули таманниёти нек намудаанд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи қобили мулоҳизаи муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо ибрози назар карда, гомҳои муайяни мусбати ҷонибҳоро дар ин самт таъкид  сохтаанд.

Маълум шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба сарбозон дар Соли нав чӣ туҳфа мекунад

"Эмомалӣ Раҳмон мақсадҳои ҷониби Тоҷикистонро барои минбаъд низ равона намудани кӯшишҳои зарурӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои неки  ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо бо иқдоми нави амалӣ мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати ду халқи бародар зикр намуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки зимни суҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

972
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон
Встреча Чрезвычайного и Полномочного Посла Кыргызской Республики в Республике Таджикистан Ж.Рустенбекова с Заместителем министра иностранных дел Республики Таджикистан М.Хусейнзода

Тоҷикистону Қирғизистон вазъият дар марзро баррасӣ карданд

66
(Таҷдидшуда 14:26 28.10.2020)
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндаи Қирғизистонро қабул карданд, то масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Рӯзи 26 октябр, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, Жаниш Рустанбеков бо муовини вазири хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ Қирғизистон.

Дар ин мулоқот намояндаи Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро бо вазъи сиёсии кунунии кишвар ошно кард.

Танҳо бо роҳи осоишта ҳал мекунем: роҳбари нави Қирғизистон ба қазияи марзӣ вокуниш кард

"Сафир таъкид кард, ки Қирғизистон ба тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва иҷрои қатъии ҳамаи шартномаҳо ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи қаблан имзошуда, содиқ мемонад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин вохӯрӣ Ҳусейнзода ва Рустанбеков ба масъалаи демаркатсияи марз диққати махсус зоҳир кардаанд.

Баҳс ва тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - шарҳи ҷонибҳо: аксу видео

Ҳамчунин тарафҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

66
Барчаспҳо:
марз, вазъият, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тегеран, архивное фото

Эҳзори кордори сафорати Фаронса ба Вазорати умури хориҷии Эрон

287
(Таҷдидшуда 21:54 27.10.2020)
Дар эътироз ба исрори мақомоти фаронсавӣ ба ҳимоят аз интишори карикатураҳои иҳонатомез ба соҳати паёмбари Ислом кордори муваққати Фаронса дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Флурон Ойдолу, кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон дар ғиёби сафири ин кишвар ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд то эътирози Эрон ба рафтори ахири мақомоти фаронсавӣ дар ҳимоят аз иҳонаткунандагон ба муқаддасоти исломӣ ба вай расонда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард: Ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фарду дар ҳар мақоме ба шиддат маҳкум ва мардуд аст.

“Вокуниши нобихирадонаи мақомоти фаронсавӣ ба иқдоми ифротгароёнае, ки ба номи ислом хушунат мекунанд, танҳо заминаро барои рушди гароишҳои инҳирофӣ ва беиртибот бо ин дини илоҳӣ, ки ҳамвора навидбахши ақлгароӣ, сулҳу адолатталабӣ аст, фароҳам мекунад”, - изҳор доштаст дипломати Эрон.

Манбаъ афзуд, мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон афзудааст, доман задан ба исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ он ҳам ба номи озодии баён, ки бояд дар хизмати тафоҳум, ҳамдилӣ ва ҳамзистии мусолиматомез миёни ҷомеъаҳои башарӣ бошад, амиқан мояи таассуф аст.

Флурон Ойдолу- кордори муваққати Сафорати Фаронса дар Теҳрон низ гуфт: Эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти давлати Фаронса дар ин хусусро дар асраъи вақт ба мақомоти кишвараш инъикос медиҳад.

Нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.

287
Барчаспҳо:
дин, Фаронса, Эрон, Эрон
Ҷамъоварии пахта, акс аз бойгонӣ

Шиносоии раиси Суғд бо ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
(Таҷдидшуда 15:27 28.10.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, барои шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раиси вилоят, Аҳмадзода ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати деҳоти Ёва ташриф оварда, бо рафти ғунучини ҳосил шинос гардид.​

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

“Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли 18200 тонна пахта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 13234 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст. Пахтакорони ноҳия ҳамарӯза бо кӯмаки ҳашарчиён беш аз 320 тонна пахта чида, ба хирман месупоранд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки заркорони ноҳия рӯзҳои наздик нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.

Сипас Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии “Зафариён”  ва “Юсуфсаркор” шинос шудааст, ки дар ин корхонаҳо коркарди пахта муташаккилона ба роҳ монда шуда, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Раиси вилоят ҳамзамон ба манзили сокини ноҳия, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд.

Ба иттилои котиботи раиси Суғд, механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои ободиву шукуфоии бештари Ватани азиз дасти дуо бардошт.

0
Барчаспҳо:
пахтачинӣ, раиси Суғд, Тоҷикистон