Мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон меояд

© AFP 2023 / Nicholas KammЗдание Госдепартамента США в Вашингтоне
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Элис Уелс, ноиби аввали котиби давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Сафари Элис Уелс ба Тоҷикистон рӯзҳои 6-7 январ сурат мегирад, хабар дода шудаст дар сомонаи расмии Департаменти давлатии ИМА.

Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон
Захарова монеаи рушди муносиботи Русия ва ИМА-ро ном бурд

Манбаъ афзуд, мақомдори ИМА дар Душанбе бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

“Уелс бо мақомдорони тоҷик манфиатҳои тарафайн аз таҳкими ҳамкориҳо дар умури амнияти минтақавӣ, густариши равобити иқтисодию энергетикӣ ва муносиботи афзояндаи мардуми ду кишварро баррасӣ хоҳад кард”, - омадааст дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА.

Ноамн нагӯед: Ёдгор Файзов норозигияшро аз эълони Ҳукумати Бритониё ба сафир гуфт

Тафсилоти дигари барномаи сафари мақомдори баландпояи ИМА ба Тоҷикистон нашр нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0