Нигаронии Путин: Русия қатли Сулаймониро моҷароҷӯӣ хонд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЕжегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная большая пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нигаронияшро аз қатли Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, баён доштааст

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Путин ва раисиҷумҳури Фаронса, Эммануел Макрон нигаронияшонро дар робита ба қатли Сулаймонӣ аз сӯи ИМА баён доштанд, хабар додаст РИА Новости бо такя ба котиботи Кремл.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти Трамп дар бораи қатли Сулаймонӣ ва оқибати ҷангу музокироти Эрон

Роҳбарони ду кишвар 3 январ зимни суҳбати телефонӣ, ки бо ташаббуси ҷониби Фаронса баргузор шудааст, таъкид кардаанд, ки ин амалиёт метавонад вазъи минтақаро ба таври ҷиддӣ муташанниҷ созад.

Се рӯзи азои Эрон: ваъдаи интиқоми сахти Хоманеӣ баъди қатли Сулаймонӣ бо фармони Трамп

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Русия қатли фармондеҳи Қудсро амали моҷароҷӯёна хондаст, ки ҳассосияти минтақаро бештар мекунад.

“Ба мардуми Эрон таслият баён мекунем. Қатли Сулаймонӣ дар пайи ҳамлаи мушакии ИМА дар Бағдодро амали моҷароҷӯёнае медонем, ки мӯҷиби шиддати авзоъ дар тамоми минтақа мегардад. Сулаймонӣ содиқона барои ҳифзи манфиатҳои миллии Эрон хидмат кард”, - омадааст дар изҳороти ВУХ Русия.

Пентагон хабар дод, ки субҳи 3 январ бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд. Ӯ ва чанде аз ҳамроҳонаш дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ҳадафи ҳамлаи мушакии нерӯҳои амрикоӣ қарор гирифтанд. Трамп дар пайи қатли фармондеҳи Қудс бо нашри як изҳорот гуфт, ӯро гунаҳкори марги миллионҳо нафар хонда, афзуд, ки бояд солҳо пеш аз миён бардошта мешуд.

Лентаи хабарҳо
0