Қодири Қосим, номзад ба вакилӣ дар парлумон, акс аз бойгонӣ

Собиқ раиси ВМКБ номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд-акс

1506
(Таҷдидшуда 17:28 09.01.2020)
Қодири Қосим, собиқ раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон номзади Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон шуд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Қодири Қосим, ки феълан роҳбарии Кумитаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро ба уҳда дорад, аз сӯи ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии Ванҷ №40 ҳамчун номзад ба вакилӣ пешбарӣ гардид.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ВМКБ, дар конфронси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, раиси вилоят Ёдгор Файзов, вакилон аз навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон ва  роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ номзадии Қодири Қосимро пуштибонӣ кардаанд.

Қодири Қосим, зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, собиқ роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва аз соли 2017 роҳбари Кумитаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мебошад.

1506
Барчаспҳо:
вилоят, интихобот, ВМКБ, Тоҷикистон